Мақолаҳо
ХЎРОКИ ПАРҲЕЗӢ БАРОИ БЕМОРОНИ ДИАБЕТИ ҚАНДИ ВОБАСТА АЗИНСУЛИН
Хайров Х.С.
Маркази ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои ғизо
Хўроки парҳезӣ яке аз қисмҳои асосӣва ҷудонашавандаи табобати беморони диабети қанд мебошад. Хўрок омилест, ки ҳамеша ба ҷисми инсон, ҳолати саломатӣва қобилияти меҳнат таъсир менамояд. Ташкили хўроки дуруст иқтидори муҳофизатии ҷисмро нисбат ба таъсири омилҳои муҳити зист мустаҳкам менамояд. Дар он ҷое, ки танзими тиббии табобати парҳезӣнест, дар он ҷо табобати пурарзиш ва таъсирбахш нест.
Ташкили хўроки парҳезӣ- маҷмўи чорабиниҳои муҳимро дар бар гирифта яке аз усулҳои асосии табобат, дар амал ҷорӣнамудани табобати парҳезӣмебошад. Умуман, ҳамаи чорабиниҳои ташкили хўроки парҳезӣдар муассисаҳои муолиҷавӣва пешгиркунандаи беморӣаз ду нуқтаи назар дида баромада мешавад. Якум – ин ташкили чорабиниҳо ва дуюм ҳама он чӣки ба қайди маҳсулот ва маблағҳои ҷудошудаи он тааълуқ дорад. Қатиъян риоя намудани ин ду омил кафолати дар муассисаҳои тиббию санитарӣамалан ба пуррагӣташкил ва риоя намудани принсипҳои асосии хўроки парҳезиро медиҳад.
Диабети қанди вобаста аз инсулин (ДҚВИ), навьи 1 дар байни кўдакон, наврасон ва ҷавонон бисёртар паҳн шуда, бештар авлодӣ мебошад.
Сабабҳои пайдоиши диабети навъи 1(ДҚВИ)
Ин намуди диабет якуякбора сар зада бо аломатҳои (симптомҳои) тезу тунд ҷараён меёбад.
Яке аз сабабҳои асосии пайдоиши ин намуди диабети қанд – ҳангоми бемориҳои вирусӣ(зарпарвин, сурхакон, сурхча, ҳерпис, паротити эндемикӣ) системаи иммунитети инсон ба ҷавоби вирус аз ҳад зиёд антителаҳо хориҷменамояд ва онҳо ҳуҷайраҳоиғадуди зери меъдаро нобуд мекунанд.
Дар сарзадани диабети қанди намуди 1 зарбаи фикронӣ(шахс дар кўдакӣи ва наврасӣдучор шудааст) нақши калонро мебозад.
Сабабҳои дигари саршавии бемори ин газаки ғадуди зери меъда, латхўрӣ ва ҷарроҳии он низ шуда метавонанд.
Яке аз сабаби дигари пайдоиши диабети қанди инсулинвобаста, ин кам истеъмол намудани сафедаҳо ва аминокислотаҳо мебошад (таркиби инсулин аз сафадаҳо иборат аст). Вайроншавии ҳосилшавии ферментҳо вануқсонҳои авлодии бета ҳуҷайраҳо низ сабабгори диабети қанд шуда метавонанд.
Нишонаҳои ДҚВИ,чӣхеле, ки дар боло зикр карда шуд, тезу тунд сар мешаванд:
- беқуватии умумӣва мушакҳо пайдо мешавад (ин гуна беморон ҳама вақт дароз кашида хобидан мехоҳанд);
- зиёдшавии иштиҳо ва айни замон камшавии вазни бадан;
- пешобронии бисёр, на танҳо рўзона балки шабона ҳам (тоҳато пайдоиши энурез – пешобронии шабона, нигоҳ надоштани пешоб);
- ташнагии зиёд, ки бо нўшидани об қонеъ намегардад. Бемор метавонад то 5 литр об дар як шабонарўз истеъмол намояд (меъёрии шабонарўзи2 литрро ташкил менамояд);
- ташнагии доимии даҳон;
- эҳтимолияти пайдоиши хориш дар узвҳои таносул, пайдоиши пучакҳои дер сиҳатшаванда.
Пеш аз ҳама қайд намудан зарур аст, ки парҳез ҳангоми намуди 1 (вобастаазинсулин, ДҚВИ) азнамуди 2 (новобастаазинсулин, ДҚНИ) фарқмекунад.
Ҳангоми тавсияи парҳез ба беморони ДҚВИ ба калориянокии ғизо диққат дода мешавад ва истифодабарии қариб тамоми озуқавориҳо раво мебошад. Миқдори ғизои истеъмолшуда ба таври воҳидинони (ВН) баҳо дода мешавад. Ба беморони ДҚНИ, ки бисёри вақт онҳоро вазни зиёдати ҳамроҳ аст, истеъмоли ғизоҳои камкалория тавсия карда мешавад.
Омилҳое, ки ба суръати ҷаббиши карбогидратҳо таъсир мерасонанд:
1.Намуди карбогидратҳо: карбогидратҳои оддӣ босуръат ва мураккаб бошад оҳиста ҷаббида мешаванд.
- Ҳарорати ғизо – хўроки хунук дертар ҷаббида мешавад.
- Таркиби ғизо – агар ғизо аз маҳсулоти дурушту донадор ва нахҳои ғизодор тайёр карда шуда бошад онгоҳ ҷаббиши он мушкилтар мегардад.
- Мавҷудияти чарб дар ғизо ҷабидашавии карбогидратҳоро паст менамояд.
- Баъзе доруҳои қандпасткунанда, аз ҷумла глюкобай суръати ҷаббиши карбогидратҳоро паст мекунад.
Аз ҷиҳати ҷаббишашон карбогидратҳо ба 3 қисм ҷудо мешаванд:
- карбогидратҳое ки қанди хунро фаврӣ мебардоранд – миқдори қанд дар вақти хўрок истеъмол намудан дар ковокии даҳон баланд мегардад;
- карбогидратҳое ки қанди хунро тез баланд менамояд – миқдори қанди хун баъди 10-15 дақиқаи хўрокхурӣ баланд мегардад;
- карбогидратҳое, ки қанди хунро оҳиста баланд менамояд – миқдори қанди хун баъди 20-30 дақиқаи истеъмоли хўрок баланд мегардад.
Хусусиятҳои гуруҳҳои алоҳидаи озуқаворӣ
Барои беморони диабети қанд маҳсулотҳои озуқаворӣба се қисм тақсим мешаванд:
1.Ғизоҳои истеъмолшавандае, ки пеш аз хўрдан миқдорашонро ба воҳиди нонӣ(ВН) гузаронидан лозим аст.
- Озуқавориҳое, ки ба воҳиди нонӣ(ВН) гузаронидан шарт нест ва чӣқадар хоҳиш бошад метавон истеъмол намуд.
- Ғизоҳое, ки дар шароити муқаррарӣҳоҷати истеъмол нест(ин маводҳо фақат дар ҳолати паст шудани миқдори қанди хун истеъмол мешаванд).
Воҳиди нонӣ(ВН) барои иваз намудани маҳсулотҳои озуқаворӣ бо назардошти баҳо додани миқдори карбогидратҳо истифода бурда мешавад: як ВН ба 12 гр. карбогидратҳо ё ба 50 ккал энергия баробар аст.
Аз гуруҳи «шириниҳо» қанди оддӣ, асал, шарбатҳо, нўшокиҳои ширин, мураббо, компоти ширин, маҳсулоти қаннодӣ (торт, кулчақандҳо, печени, ҳамаи намуди конфетҳо), яхмос, ангур, харбуза дохил мешаванд. Ин маҳсулотҳо қанди хунро дар лаҳзаи хеле кўтоҳ баланд менамоянд ва барои беморони навъи 1 ва ҳам навъи 2-итавсия карда намешаванд.
Аз «маводҳои ордӣва ярма»нонҳои аз навъи 2 боло, нони сиёҳ, ярмаҳои марҷумак ва ҷав тавсия карда мешаванд.
Меваҳо ва буттамеваҳояке аз маҳсулотҳое мебошанд, ки миқдори қандро тез баланд менамоянд. Аз тарафи дигар ин маводҳо сарчашмаи витаминҳо, макро ва микроэлементҳо мебошанд. Номгўи меваҳо ва буттамеваҳое, ки ба беморони диабети қанд тавшия шудаанд ниҳоят гуногунанд: себ, нок, ситрусҳо, тарбуз, зардолу, шафтолу, олу, анор, олуболу, гелос, қулфинай, қот, зирк, ангат ва ғайра.
Шарбати меваҳо (аз сабаби набудани нахҳои ғизогӣдар таркиби онҳо) фақат барои бартарафсозии гипогликемия истифода бурда мешаванд. Аз ин xулоса кардан мумкин: чиқадаре, ки ғизо сахт, дурушт ва хунук бошад, ҳамон қадар барои беморони диабети қанд фоидаоваранд.
Маҳдуд намудани чунин меваҳо дар ратсиони беморони диабети қанд: ангур, анҷир, харбуза, банан, ананас, хурмо ва хушкмеваҳо (мавиз, ғўлинг) тавсия карда мешавад.
Таркиби сабзавотҳо аз нахҳои ғизогӣ, қанди озод, миқдори ками чарб ва карбогидратҳо ва ғайра бой аст. Дар таркиби картошка бисёртар карбогидрат (крахмал) вуҷуд дорад. Барои ҳамин ҳам миқдори онро ба вояи нон (ВН) гардонида, истеъмол намудан лозим аст. Як дона картошкаи ҳаҷми миёна ба 1 ВН баробар аст.
Аз сабзавотҳо барои беморони диабети қанд тамоми намуди карам, сабзӣ, шалғам, шалғамча, помидор, бодиринг, каду, боимҷон, лаблабу, пиёзи кабуд ва бехпиёз, барги салат, торон, кабудӣ(шиббит,гашнич), замбурўғҳо тавсия карда мешаванд.
Маҳсулотҳои ширӣ(шир, сашир, ҷурғоти равғаннокиаш гуногун) аз руи ҳисоби 1 стакон = 1 ВН.
Маҳсулотҳои гуштӣ ва моҳӣдар ҳолати тозаи бирён ё дампаз (гўшти гов, буз, мурғ, моҳӣ) миқдори қандро на он қадар зиёд менамоянд. Аммо ба ҳасибҳокрахмал; ба қиммакабоб (котлетҳо) нон ва картошка; ба тухмбирён (омлет) бошад орд ҳамроҳ карда мешавад.
Аз машруботи спиртӣ- истеъмоли ҳамаи намудҳои май ва пиво, ки миқдори қанд дар таркибашон аз 5% зиёдтар аст, манъ карда мешавад. Фақат майи худтайёркарда, ки миқдори қанди он камтар аз 3-5% ро ташкил менамояд, дар ҳаҷми 150-200гр. раво дониста мешавад. Аз машруботи спиртии сахт истеъмоли арақ ва коняк (бренди, виски ва ғайра) 75-100 гр. иҷозат дода мешавад (ҳангоми истеъмоли мунтазам – на зиёдтар аз 30-50гр. дар як шабонаруз). Истеъмоли зиёди машруботи спиртӣба ғадуди зери меъда таъсири манфӣмерасонад, қанди хунро зиёд намуда, баъди 4-5 соат сатҳи қандро якуякбора кам менамояд, ки ба ҳолати гипогликимия оварда мерасонад.
Миқдори маводҳои озуқаворӣ, ки ба як воҳиди нони (ВН) баробар аст
Номгўи маҳсулотҳо | Миқдори маҳсулот, ки дорои 1 ВН мебошад | |
гр. | ченак | |
Нон ва маҳсулотҳои нонӣ | ||
Нағора, чубчаҳои нонӣ | 15 | |
Нон, кулча | 12 | 1 бурида |
Нони хушк | 20 | 1 бурида |
Нони қоқи куфта | 15 | 1 қошуқи ошхурӣ |
Нони ҷавин | 20 | ½ стакон |
Нони ҷав (ржаной) | 25 | ½ стакон |
Нони сабусдор | 30 | ½ стакон |
Чалпаки тунук (блины) | 1 донаи калон (чени тоба) | |
Чалпаки ғафс (оладьи) | 1 донаи миёна | |
Орд ва донагиҳо | ||
Биринҷ | 15 | 2 қошуқча (қошуқча чойи) |
Оҳари (крахмал) картошка | 15 | 2 қошуқча (қошуқча чойи) |
Орди ҷуворимака | 15 | 2 қошуқча (қошуқча чойи) |
Орди гандуми навъи аъло | 15 | 2 қошуқча (қошуқча чойи) |
Маводҳои макаронӣ | 15 | 2 қошуқча (қошуқча чойи) |
Донагиҳои гандумӣ, марҷумак, ярмаигандум (манная крупа), ярмаи ҷав(перловая), ярами ҷави русӣ(овсяная) | 20 | 1,5 қошуқи калон (столови) |
Орди соя (сое) | 80 | 3 қошуқи калон |
Мева ва мевабутагиҳо | ||
Қоқи банан, себ, ғулинг,анҷир | 15 | 1 қошуқи калон |
Мавиз, хурмои дароз (финики) | 20 | ½ дона |
Банан (бе пуст) | 60 | ½ дона |
Ангур | 80 | 10-12донаи миёна |
Хурмо | 90 | 1 донаи миёна |
Ананас | 105 | 1 тилим |
Анҷир | 110 | 3 дона |
Анор | 110 | 1 дона |
Олича, гелос | 115 | ¾ стакон |
Хуч (шиповник) | 120 | 1 стакон |
Себ | 120 | 1 дона |
Олу | 125 | 4 дона |
Шафтолу | 125 | 2 дона |
Харбуза (бе пуст) | 130 | 1 тилим |
Бектошӣ(крыжовник) | 130 | ¾ стакон |
Зардолу | 135 | 5 дона |
Тарбуз (бе пуст) | 135 | 1 тилм |
Малина | 140 | 1 стакон |
Афлесун | 150 | 1 дона |
Нок, себи биҳи | 150 | 1 дона |
Норинҷ(грейпфрут) | 185 | 1,5 дона |
Клубника | 190 | 1 стакон |
Лимон | 400 | 4 дона |
Шарбати бе қанд | ||
Ангур | 70 | 1/3 стакони 250 мл |
Олу | 80 | 1/3 стакони 150 мл |
Олуча, гелос | 90 | 1/2 стакони 250 мл |
Себ, нок | 100 | 1/3 стакони 250 мл |
Афлесун | 110 | 1/2 стакони 150 мл |
Мандарин | 120 | 1/3 стакони 150 мл |
Грейфрут | 130 | 2/3 стакони 250 мл |
Клубника | 160 | 3/4 стакони 250 мл |
Малина | 170 | 1/3 стакони 150 мл |
Сабзавот | ||
Картошкаи хушк | 30 | 1 қошуқи ошхурӣ |
Картожкаи бурёнкардашуда | 40 | 1,5 қошуқи ошхурӣ |
Куфтаи картошкагӣ | 30 | 1,5 қошуқи ошхурӣ |
Чуворимака | 70 | 1 донаи миёна |
Картошкаи обҷуш | 75 | 1 дона |
Лаблабу | 130 | 2 донаи миёна |
Пиёзи бехии хом | 130 | 2 дона |
Лубиёгиҳои сабз | 140 | 8 қошуқи ошхўрӣ |
Сабзӣ | 165 | 2 дона |
Турб | 185 | 2 донаи миёна |
Занҷабили булғорӣ | 225 | 5-6 донаи миёна |
Карами сафед | 255 | 1 сараки хурд |
Гулкарам | 265 | 1 сараки хурд |
Каду | 285 | ¼ кадуи миёна |
Шалғамча | 315 | 6-7 донаи миёна |
Помидор | 315 | 3 донаи миёна |
Лубиё | 400 | 5-6 қошуқи ошхўрӣ |
Бодиринг | 520 | 5-6 донаи миёна |
Забуруғи сафеди тару тоза | 1090 | |
Олуи кабуд | 100 | 4 донаи миёна |
Олуи сурх | 80 | 3 донаи миёна |
Киви | 150 | 2-3 донаи миёна |
Маводҳои ширӣ | ||
Шир, ҷурғот, саршири равғаннокиашгунонгун | 1 стакон | |
Кулчаи панирдор | 1 донаи миёна | |
Яхмос | 65 | 1/3 стакон |
Нушокиҳо | ||
Пивои парҳезӣ | 200 | 1 стакон |
Қаҳва, чойи бе қанд | Ба ҳисоб гирифта намешавад | |
Шириниҳо | ||
Шакар | 7 | 1 қошуқи ошхурӣ |
Қанди лунда | 12 | 2,5 лунда |
Печении паҳрезӣ | 12-15 | 3 дона |
Асал | 15 | 1 қошуқи ошхурӣ |
Квас | 1 стакон (200 мл) | |
Лимонад | 1 стакон (70 мл) | |
Ғайра | ||
Самбусаи гўштӣ | 25 | 1 донаи миёна |
Тушбераи мевагӣ | 25 | 2 дона |
Тушбераи гуштӣ | 50 | 4 дона |
Гушти қимма (котлета) | 100 | 1 дона миёна |
Ҳасиби оббпаз, ҳасибча | 150 | 6 дона |