Хабархо

Вохӯрии кормандони Маркази тиббии шаҳрӣ бо намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе оид ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Бо  дода ќаноат куну бо дод бизӣ,

Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ. (Устод Рӯдакӣ)

 

Рӯзи 30 июли соли 2014 дар толори Маркази тиббии шаҳрӣ вохӯрии кормандони Маркази тиббии шаҳрӣ бо намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе оид ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ баргузор шуд.

Дар ҳамоиши мазкур маъмурият, кормандони Марказ ва сардори шӯъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе  полковники адлия Ҳаитов Р.Б. ва муовини сардори шӯъбаим мазкур подполковники адлия Сафархонов Ш.М. иштирок намуданд.

Вохӯриро директори Марказ Раҳмонов С.Б. ифтитоҳ намуда, оид ба зарурати ин ҳамоиш ҷиҳати пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ дар байни кормандони Марказ изҳори андеша намуд. Зикр карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон пайваста барои дастгирии иҷтимоӣ ва моддии кормандони соҳаи тандурустӣ

Сипас  сардори шӯъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе  полковники адлия Ҳаитов Р.Б. оид ба сиёсати роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат дар самти пешгирӣ ва муќовимат бо коррупсия суханронӣ намуда, коррупсияро ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа арзёбӣ кард. Таъкид карда шуд, ки мутассифона ин падидаи номатлуб ва нангин дар байни кормандони соҳаи тандурустии кишвар ҷой дошта, дар баробари ба вуҷуд овардани доѓи судӣ ба намояндагони ин касби пуршараф иснод меорад.

Зимни суханронии худ муовини сардори шӯъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе  подполковники адлия Сафархонов Ш.М. оид ба таърихи зуҳури коррупсия, омилҳои ба он мусоидаткунанда ва тадбирҳо дар самти пешгирии он изҳори андеша намуд. Ҳамзамон, мавсуф мисолҳои мушаххасро оид ба аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе  дастгир шудани кормандони соҳаи тандурустӣ бо ҷурми даст доштан дар ҷиноятҳои коррупсионӣ бозгӯ намуд.

Дар вохӯрӣ ҳуќуќшиноси Марказ Исмоилов А.М. оид ба мӯҳтавои Стратегияи муќовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020 ва Барномаи зиддикоррупсионии соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2013-2015 суханронӣ намуда, алоќаманд ба ҷанбаҳои ахлоќии дар муносибатҳои коррупсионӣ даст доштани кормандони соҳаи тандурустӣ изҳори андеша намуд.

Вохӯриро директори Марказ Раҳмонов С.Б. ҷамъбаст карда, аз намояндагони  Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе  барои иштирокашон дар чорабинии мазкур арзи сипос  намуд.

 

 

2.07.2014

Љаласаи Шўрои тиббї оид ба љамъбасти фаъолияти Маркази тиббии шањрї дар нимсолаи якуми соли 2014

Санаи 2 июли соли равон дар маљлисгоњи Маркази тиббии шањрї љаласаи Шўрои тиббии Марказ оид ба љамъбасти фаъолияти Марказ дар нимсолаи якуми соли 2014 баргузор шуд.

Дар љаласаи мазкур аъзои Шўрои тиббї, кормандони маъмурият, мудирони шўъбањо, табибон, пизишкёрони калон, мудирон ва устодони кафедрањои пойгоњии Марказ иштирок намуданд.

 

 


Дар ибтидои љаласа раиси Шўро-директори Марказ С.Б. Рањмонов љињати муаррифии аъзои нави Шўро ва ироаи лоињаи Низомномаи Шўро суханро ба њуќуќшиноси Марказ Исмоилов А.М. дод.

Њуќуќшиноси Марказ Исмоилов А.М. ба иштирокдорони љаласа њайати нави Шўрои тиббиро муаррифї намуда, лоињаи Низомномаи Шўрои тиббиро ба баррасии аъзои Шўро пешнињод намуд. Дар натиљаи баррасии њамаљониба Низомномаи Шўрои тиббии Маркази тиббии шањрї ќабул карда шуд. Низомномаи мазкурмуќаррароти умумї, маќсад ва вазифањои Шўро, тартиби ташкили њайат ва фаъолияти Шўро, ташкили љаласањои Шўро, ба расмият доровардани ќарорњои Шўро, њуќуќ ва ўњдадорињои аъзои Шўрои тиббиро муќаррар намуда, яке нахустин санадњое мебошад, ки дар сатњи муассисањои тиббии пойтахт фаъолияти Шўрои тиббиро ба пуррагї фаро мегирад.

Сипас њисоботи муовинони директори Марказ оид ба фаъолияти шифої Содиќов А.М, оид ба ёрии тиббї ба кўдакон Рањимов Ѓ.Њ. ва и.в. муовини директор оид ба ёрии тиббии таваллудї Ахмерова Н.Ш. дар бораи фаъолияти комиссияњои тањлили марганљомии калонсолон, кўдакон ва занони обистан шунида шуд. Љињати пешгирї намудани њодисањои фавт ва бењтар намудани фаъолияти хадамоти наљотбахшии Марказ ќарори дахлдор ќабул карда шуд.

 

 

Мавзўи дигаре, ки дар љаласа матрањ карда шуд, баррасии њисоботи нахустини Кумитаи муолиљавии Марказ буд. Оид ба масъалаи мавриди назар раиси Кумитаи муолиљавии Марказ н.и.т. Самадов Ш.Њ. суханронї намуда, моњият ва мафњуми бањогузории сатњи сифати табобатро шарњ дод. Њамзамон, натиљагирии фаъолияти шифоии бахшњои бистаринамоии Марказ дар моњњои апрел-майи соли равон анљом дода шуда, камбудиву норасоии љойдошта дар самти ташхис ва табобати беморон бозгў карда шуд.

 

 


Инчунин дар љаласаи њисоботи фаъолияти Иттифоќи касабаи Марказ дар нимсолаи якуми соли 2014 шуда шуд. Раиси Иттифоќи касабаи Марказ Дадахонова Ф.Н., оид ба тадбирњои муштараки анљомдодаи Иттифоќи касаба ва маъмурияти Марказ дар самти њимояи иљтимої ва њуќуќии кормандон суханронї намуда, њамзамон дар бораи харљи маблаѓњои барои фаъолияти Иттифоќи касабаи Марказ пешбинишуда дар нимсолаи якум ба њозирин њисобот дод.

 

 

Масъалаи асосие, ки дар љаласаи Шўрои тиббї мавриди баррасї ќарор дода гирифт, арзёбии фаъолияти Марказ дар нимсолаи якуми соли 2014 мебошад. Вобаста ба масъалаи мавриди назар директори Марказ Рањмонов С.Б. суханронї намуда, оид ба сохтори љадвали аёлот, роњњои бистарї шудани беморон ба Марказ, шумораи бистаришудагони Марказ, нишондињандањои фаъолияти кат дар Марказ, шумораи табобатёфтагон ва нишондињандаи фавт, фавт аз беморињои алоњида, сохтори беморони такроран бистаришуда, хариди доруворї, фаъолияти бахши ташхиси вазифавї, озмоишгоњї ва тавонбахшї тањлили ќиёсии нимсолаи якуми солњои 2013 ва 2014-ро ба њозирин баён намуд. Тањлили ќиёсии баъзе нишандањои зикргардида 5 сол ва 10 соли охирро фаро гирифтанд.

 

 

 

 

Оид ба масъалаи мазкур ва дигар мавзўъњои баррасигардида ќарорњои алоќманди Шўрои тиббии Марказ ќабул гардида, ба масъулин љињати бењтар намудани сатњ ва сифати хидматрасонии тиббї ба беморон ва ниёзмандон дастурњои ќатъї ва мушаххас дода шуданд.

 

 

Дар анљоми љаласаи Шўро директор Марказ Рањмонов С.Б. аз кормандони муассиса љињати риоя намудани одоби муошират бо беморон, пос доштан ва њифз намудани арзишњои миллї, бо дастовардњои шоиста таљлил намудани 20-солагии ќабули Сарќонуни кишвар ва 90-солагии маќоми пойтахти мамлакатро касб намудани шањри Душанбе, таъмини рељаи бењдоштї дар Марказ ва босифат анљом додани фаъолияти ташхисию табобатї даъват ба амал овард.

 

 

Душанбе,

20.06.14.

Анҷумани нахустини умумимиллии табибони

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар шаҳри Душанбе Анҷумани нахустини умумимиллии табибони Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар кори Анҷуман муовини  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, раиси кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Н.Ф., намояндагони соҳа аз тамоми шаҳру навоҳии кишвар, устодону собиќадорони тибби тоҷик, олимону профессорон ва шарикон оид ба рушд ширкат варзиданд.

Дастовардҳои соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воќеан тӯли 23 соли истиқлолияти кишвар хеле назаррасанд, дар суханронии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Н.Ф. қайд гардид. Дар баромади раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони тандурустии Тоҷикистон Раҷаб Ӯлмасов «Масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии кормандони тандурустии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иштирокчиёни анҷуман  қайд намуданд, ки соҳаи тандурустии кишвар таи солҳои охир ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, зеро соҳаи ҳифзи солимӣ ва иҷтимоии аҳолӣ – яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсат ва рушди иқтисодиёти давлат мебошад. Рушди соҳаи тандурустӣ натиҷаи бевоситаи дастуру хидоятҳо, дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳи хосаи Сарвари кишвар мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояшон қайд кардаанд, ки: «Дар кишвари соҳибистиқлоли мо саломатии мардум боигарии давлат ва ҷузъи таркибии ҳадафҳои стратегии он дониста шудааст».


Таҳлили фаъолияти соҳаи тандурустии кишвар вобаста ба татбиқи ислоҳоти соҳа, дастрас ва беҳтар кардани сатҳи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба аҳолӣ, аз  ҷумла барои вусъат додани татбиқи тибби оилавӣ, дастрасии усулҳои муосири ташхису табобат, рушди тибби хусусӣ нишон медиҳад, ки дар солҳои охир корҳои зиёди натиҷабахш ба анҷом расонида шудаанд.

Дар таҳияи заминаи меъёрии ҳуқуқии самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла рушди минбаъдаи тибби оилавӣ, ислоҳоти соҳаи маблаѓгузорӣ, таҷдиди сохторҳои беморхонавӣ ва кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, рушди захираҳои кадрӣ, соҳаҳои фарматсия ва иттилоотӣ пешрафти кор ба назар мерасад.

Бо мақсади фароҳам намудани инфрасохтори мусоиди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббӣ як қатор муассисаҳои тандурустӣ дар сатҳи миллӣ, вилоятӣ, шаҳри ва ноҳиявӣ бунёд гардиданд. Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар ифтитоҳи расмии баъзе аз муассисаҳои бунёдгардида ва вохӯриҳои зиёдашон бо кормандони соҳа, шаҳодати таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи сиҳатии аҳолӣ мебошад.

Пешниҳод гардид, ки барои  боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва барои натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овардан оид ба масъалаҳои пешгирӣ, ташхису табобат, ташаккули тарзи ҳаёти солим, чорабиниҳои солимгардонии аҳолӣ ва назорати гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла маъюбон дар ҳамаи бахшҳои ҷомеа, аз ҷумла маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, инчунин ташкилотҳои ѓайрҳукуматӣ ҳамкориҳои байнисоҳавӣ  бояд фаъол гардонида шаванд.

Дар баробари татбиқи як қатор ҳуҷҷатҳои стратегии соҳа, аз ҷумлаи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020,Стратегияи  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораирушди саломатии кӯдакону наврасон дар давраи то соли 2015, Стратегияи маблаѓгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2005-2015, Консепсияи ислоҳоти тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои миллию соҳавӣ қайд гардид, ки бо оѓози марҳилаи нави рушди соҳа, зарурати ҷиддӣ барои таҳияи дигарҳуҷҷатҳои стратегии соҳа ба миён омадааст. Лоиҳаи Кодекси ахлоқи табиби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боҳидояти бевоситаи Президенти мамлакат таҳия гардидааст, яке аз чунин ҳуҷҷатҳои муҳим ва натиҷабахш хоҳад гардид. Лоиҳаи кодекси мазкурро вакилони анҷуман мавриди баррасӣ ва муҳокимаронии васеъ қарор дода, онро ҳуҷҷати саривақтӣ ва мувофиқи мақсад шуморида, якдилона қабули ин кодексро ҷонибдорӣ намуданд.

Сипас дар гурӯҳҳои кории алоҳида масоили мубрами соҳа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.


 

 

 


Ҷустуҷў

Шиори рўз



Designed by Bejan