Баҳриддини Алавӣ

ва

Ромиши Лоиқзода

Муҳаррир:

Мубашшир Акбарзода

Лоиқ  Шералӣ. Куллиёт. Иборат аз ду ҷилд. Ҷилди 1. Ашъор.

– Душанбе, «Адиб», 2008. – 564 саҳ.

Аз замони нашри аввали «Куллиёт»-и устоди зиндаёд Лоиқи Шералӣ (Хуҷанд, 2001) ҳашт сол сипарӣ шуд. Дар ин миён нашри дуюми он дар Теҳрон (1383) ба алифбои форсӣ анҷом ёфт. Ҳоло наш­ри сеюм низ дар дасти хонандагон ва алоқамандон қарор дорад. Дар нашри феълӣ шеърҳо дар таҳрири ниҳоии муаллиф оварда шуда, ба онҳо миқдори зиёди шеърҳои чопнашудаи шоир аз бойгониаш илова гардиданд.

© Бунёди Лоиқ Шералӣ, 2008


 

 

 

НАШРИЁТИ

«АДИБ»


 

Туӣ буду набудам, миллати ман,

Туӣ самти суҷудам, миллати ман.

Суруди умри ман поён пазирад,

Ту мехонӣ сурудам, миллати ман.

 

Мероси  дили  шоири

дилдода  ва  озода

 


Лоиқ баробари он ки ба майдони адабиёти кунунии тоҷикӣ қадам ниҳод, худро ба сифати «шоири ҷавони хеле бо­истеъдод» (Сотим Улуғзода) шиносонид. Нахустин намунаҳои шеъри ӯ мавриди писанд ва гуфтугӯи ҷиддии Устод Мирзо Турсунзода гардид. Онҳо машқи шеър буданд, вале бо доштани маъниву мазмунҳои тоза, тасвирҳои гӯё, мушоҳидаҳои зеҳннишин ва бардоштҳои шоирона аз он мушоҳидаҳо фарқ мекарданд.

Шеъри номии шоир «Ба модарам», ки маҷмӯаи аввалини ӯ «Сари сабз» (1966)-ро ҳусни хотима бахшида, сабабгори ба таври ғайричашмдошт ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфтани ӯ шуда буд, аз он гувоҳӣ медод, ки Лоиқ дар камтарин фурсат, дар зарфи ҳамагӣ чор-панҷ сол дар гуфтани шеър аз машқ ба сарҳади камол расидааст. Бо ин шеър дар фаъолияти гӯяндаи он марҳилаи сифатан наве, давраи ҷустуҷӯҳои адабӣ ва навовариҳои ӯ оғоз гардид. Дар он ҳама чиз нав буд: шеваи баён, тарзи тасвир, маъниҳо, тасвирҳо, вазн, қофия, забон, вусъати тасвир ва бардоштҳои шоирона. Шоир бо зикри ҷузъиёте аз зиндагии содаи модари пираш – зани муштипари кӯҳистонии тоҷик ва олами дар худ ниҳони орзуву ормонҳои ӯ мисраъ ба мисраъ, байт ба байт ва банд ба банд мисли сураткаши чира­дасте бо хатҳои ҷудогонаи равшан чеҳраи зинда ва бузургворонаи ӯро бо як самимият ва муҳаббати беандозаи фарзандӣ офаридааст. Сабки баёни ӯ, лаҳни гуфтори ӯ дар ин шеър шеваи нигориши шоири овозадори рус Сергей Есенинро дар шеърҳои ӯ «Мактуб ба модар» ва «Мактуби модар» ба хотир меорад. Лоиқ маҳз дар ҳамин солҳо бо омӯзиш ва тарҷумаи осори ин шоир машғул буд ва нахустин китобе ҳам, ки нашр карда буд, «Савтҳои форсӣ» (1965)-и С.Есенин буд. Аммо шеъри «Ба модарам»-и шоири тоҷик ангезаҳои дигаре низ дошт. Ва ангезаҳои асосии пайдоиши ин шеъри ноб, пеш аз ҳама, саргузашту сарнавишти худи модари меҳрубони шоир буд ва баъдан модарномаи адиби эронӣ Эраҷ Мирзо. Инро худи гӯянда низ эътироф дошт ва гуфта буд, ки «дар шеърҳои «Модарнома» таъсири Есенину Эраҷ Мирзо ҳаст». Ва шеъри «Ба модарам» аз аввалин таҷрибаҳои бобарори Лоиқ дар пайванд додани суннатҳои шеъри форсии тоҷикӣ бо шеъри мардуми дунё, дар айни замон, бо шеъри русӣ буд.

Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо,

модари пирам,

Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад нийят,

Ки рӯзи тӯй дида дар қади ман,

бишканӣ армон,

Бубинӣ то ба ранги нав,

ба ҳусни нав ҷавоният,

Ба он дастони ларзони шарафмандат

бимирам ман!...

Нарафтӣ берун аз як деҳ, надидӣ рӯи оламро,

Ба гирди хеш гӯё чарх гаштӣ, зиндагӣ кардӣ.

Ба гирди деҳа гӯё домани гардун бичаспида,

Туро барбаст роҳи нийяту азми ҷаҳонгардӣ.

Чӣ дорад олами дар худ ниҳони ту,

Аё модар, аё модар!

Солҳои 60-70-ум барои Лоиқ солҳои омӯзиш ва баҳрабардорӣ аз таҷрибаи адабиёти умуми­дунёӣ, солҳои ошноии наздик бо осори С.Есенин, Ҳейне, Ҳёте, Ҳюго, Расул Ҳамзатов, Уитмен, Пабло Неруда ва Э.Межелайтис, солҳои рӯ овардан ба адабиёти порсии дарӣ, хосса сурудаҳои ҷовидонии Хайём, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Мавлавии Балхӣ, Соиб ва Калими Кошонӣ, солҳои алоқамандӣ ба таърихи дуру наздики қавми тоҷик, солҳои шиносоӣ бо шеъри муосири Эрон, Афғонистон ва Ҳинду Покистон, бо навиштаҳои Нодири Нодирпур, Фурӯғи Фаррухзод, Эраҷ Мирзо, Малик­уш­шуаро Баҳор, Муҳаммад Иқбол, Халилуллоҳи Халилӣ, Восифи Бохтарӣ, солҳои сабақгирӣ аз адабиёти мардумӣ, солҳои луғатандӯзӣ ва забономӯзӣ, солҳои такмили силсилаи «Модарнома», «Дафтари ғазал» («Машқи ғазал»), оғози офариниши «Ҷоми Хайём», «Катибаҳо» ва «Резаборон», солҳои эҷоди «Илҳом аз «Шоҳнома», намунаҳои барҷаста ва зебои шеърҳои ошиқона ва ватанхоҳонаи замонӣ буд. Дар ин муддат шоир, ба гуфтаи худаш, моро шеърборон кард ва андар паси якдигар панҷ маҷмӯаи ашъор – «Илҳом» (1968), «Нӯшбод» (1971), «Соҳилҳо» (1972), «Хоки Ватан» (1975), «Резаборон» (1976) ва «Марди роҳ» (1979)-ро ба табъ расонд, ки ҳар яке бидуни муболиға дар адабиёти муосири тоҷикӣ бозёфте буданд ва дар қаламрави забони форсӣ аз тарафи мардум ба хушӣ пазируфта шуданд. Ва чун подоши амал шоир соли 1978 барои маҷмӯаи «Хоки Ватан» ва силсилаи шеърҳои «Илҳом аз «Шоҳнома» ба гирифтани Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ сарфароз гардид.

Агар ба доира ва мӯҳтавои омӯзиш ва баҳрагириҳои Лоиқ дар он солҳо тааммул ва тааммуқ шавад, ба назар мерасад, ки онҳо ба таври ҳайратовар гуногун ва доманадор буда, гоҳе табиатан ба ҳамдигар мутазод ҳам ҳастанд. Диққати шоирро адабиёти қадимуҷадиди форсии тоҷикӣ ва мардуми дунё, фаҳлавиёти онҳо, шеъри наву шеъри куҳан, шеъри нимоию шеъри клосикӣ, шеъри сафеду арӯзи озод, қолибҳои шеърии хурду бузург, суннатҳои шеърии ғарбию шарқӣ ва ғ. ва ҳ. ба худ ҷалб намудаанд. Барои вай дар омӯзиш ва баҳрабардорӣ мисли ин ки ҳеҷ гуна маҳдудае вуҷуд надошт. Аз нигоҳи ӯ, ҳамаи онҳоро як чиз ба ҳам қарин гардондааст ва он иборат аст аз доштани ҷавҳари ҳама гуна осори ҳунарӣ, аз ҷумла шеър. Ва ин ҷавҳар будани тасвир ва маъниву мазмунҳои шоирона дар шеър аст. Барои ҳамин ҳам Лоиқ шеъреро, ки холӣ аз тасвир ва маъниву мазмунҳои шоирона буд, на аз дигарон қабул дошт ва на худ гуфтааст. Барои ӯ муҳим он набуд, ки ин шеър қадим аст ё ҷадид, дар қолаби шеъри нав гуфта шудааст ё шеъри сафед, рубоӣ, ғазал, дубайтӣ, фард, катиба аст ё сепораю чаҳорпораю панҷпора ва маснавӣ, шеъри манзум аст ё мансур, ғарбист ё шарқӣ, муҳим он аст, ки дар худ тасвир ва маъниву мазмунҳои шоирона дошта бошад, моли ҳунари асил бошад. Барои вай мисли он ки нон ҳам нон асту нонреза ҳам нон, суханреза ҳам сухан асту ҳамоса ҳам сухан аст, ба шарти он ки дар худ ҷавҳари шеърро дошта бошад. Вагарна он шеър нест, шиор аст, моли ҳунари асил нест, ҳарфи муфт ва беҳуда аст, ки гуфтанрову хонданро нашояд.

Ёдам меояд, ки соли 1967 шоири тавонои Эрон Нодири Нодирпур барои иштирок дар Симпозиуми шеъри форсӣ ба шаҳр Душанбе омада буд ва дар он рӯзҳо чанд нишаст бо аҳли илму адаби тоҷик дошт. Яке аз ин гуна нишастҳо дар бинои кӯҳнаи Иттифоқи нависандагони тоҷик дар қабулгоҳи Устод Мирзо Турсунзода баргузор гардид. Алоқамандони зиёде гирд омада буданд. Пас аз суханронии Нодирпур ва шеърхониҳояш, чанде аз шоирони тоҷик, аз ҷумла Лоиқ, шеър хонданд. Вақте ки Лоиқ дар оғози суханаш арз намуд, ки рубоӣмехонад, Раҳим Ҳошим, ки аз афташ масъулияти гардонандагии он базмро ба ӯҳда дошт, исрор намуд, ки шеърҳои дигарашро хонад, манзурашон хондани ашъори калонҳаҷм ва «ҷиддитар» буд. Аммо Лоиқ рубоиҳояшро хонд. Вай беҳтар медонист, ки дар кадом маврид чиро хонад ва чиро нахонад. Рубоиҳои шоир бештар аз ҳамаи шеърҳое, ки он рӯз дар ҳузури Нодирпур хонда шуданд, ба ӯ писанд омад. Зеро ки онҳо намунаи шеъри асил буданд ва Нодирпур сухансанҷи тавоно.

Лоиқ касест, ки шеъри муосири тоҷикиро ба асолати азалияш баргардонд. Вай дар ин роҳ кӯшишҳои нотамоми устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ ва Мирзо Турсунзодаро тамомӣ бахшид. Миёни шеъри кунунии тоҷикӣва осори мондагори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Мавлавӣ, Соиб, Калими Кошонӣ ва Бедил пуле эҷод кард, миёнҷӣ шуд. Шоирони имрӯзаи тоҷик бо осори саромадони худ ошноӣ доштанд ва гоҳ-гоҳ аз он истифода ҳам мекарданд. Лекин Лоиқ нахустин фардест аз миёни эшон, ки ҷавҳари шеъри пешиниёнро барои муосиронаш кашф намуда, суннатҳои адабии онҳоро аз нав зинда гардонид – бо пайравиҳояш, бо илҳом гирифтанҳояш, бо офаридани «Ҷоми Хайём», «Илҳом аз «Шоҳнома», «Дафтари ғазалиёт», «Резаборон», бо забони тоҷикии ширадораш, бо ҳунари расои маъниофаринӣ ва тасвиргарияш. Вай дар воқеъ тавонист, ки «шеърҳои гуфтаву ногуфта»-и миллаташро, ба таъбири худаш, «боз гӯётар, боз бурротар, боз гиротар ва боз аълотар» бигӯяд.

Сабаби аслии шӯҳрати сазовор ёфтани шеъри шоири тоҷик дар қаламрави адабиёти форсӣ, хосса дар Эрон ва Афғонистон, маҳз дар ҳамин асолати азалии шеъри порсии дариро касб кардани шеъри ӯ буд. Тавонотарин шоирони форсигӯи дунё, мисли шодравон Нодири Нодирпур, Восифи Бохтарӣ ва дигарон ба шеъри Лоиқ, ба ҳунари шоирии вай ба ҳайси «шоири бузурги забони форсӣ» ва «яке аз устувонаҳои асосии фарҳанги порсӣ» тан додаанд ва имон овардаанд. Нашри китобҳои шоир чун «Гулчине аз ашъори Устод Лоиқи Шералӣ» (Теҳрон, 1372/1993), «Дасти дуои модар» (Исфаҳон, 1373/1994) ва «Рӯҳи Рахш» (Теҳрон, 1379/2000) дар Эрон ва нақдҳое ҳам, ки бар онҳо навишта шуданд, маҳбубият ва маъруфияти ӯро дар ин кишвар бештар аз пештар гардонид. То ин замон форсизабонон бо намунаҳои осори ӯ ба воситаи маҷмӯаҳои нашр­шуда бо алифбои арабӣ «Ташнадил» (Душанбе, 1974) ва «Хоки ватан» (Душанбе, 1981), шеърҳое, ки дар саҳифаҳои расонаҳои гурӯҳии он кишварҳо ба табъ расида буданд ва ё аз тариқи радио ва телевизион онҳоро ровиёни номдоре, мисли Фарида Анварӣ, қироат менамуданд, ошноӣ доштанд.

Хидмати дигаре, ки Лоиқ дар солҳои 60-70-ум ба анҷом расонд, он буд, ки вай миёни шеър­ҳои форсии тоҷикӣ ва шеъри мардуми дунё пайванде ба вуҷуд овард. Ва шеъри ӯ аз нахустин намунаҳои адабии бобарори чунин имтизоҷ дар адабиёти кунунии тоҷикӣ ба шумор меравад. Лоиқ аз роҳи омӯзиш ва тарҷумаи осори шоироне монанди Ҳёте, Уитмен, Есенин, Пабло Неруда ва дигарон, имконоти баён ва зарфияти тасвирро дар шеъри тоҷикӣ ба маротиб афзоиш дод. Дар шеър ба тасвир ва тасвиргарӣ, ба маъниофаринӣ, ба сохтани фазои шоирона ва ҳолати шоирона, ба муқтазои ҳол, ба самимият диққати фавқулода додани Лоиқ низ аз баракати шиносоияш бо шеъри мардумони ғарбӣ ва кишварҳои дигари дунё ва таҳқиқи мунсифонаи онҳо аз ҷониби ӯ мебошад. Шоир дар яке аз мусоҳибаҳояш иқрор кардааст, ки «ман ғайр аз ашъори Есенин ҳамчунин осори Ҳамзатов, Межелайтис, Қулиев, Евтушенко ва Қуняевро тарҷума кардам ва бидуни шак ин тарҷумаҳо ба ташаккули сабки офаринандагии худи ман мусоидат намуданд».

Шеъри тоҷикӣ дар ин солҳо ба шарофати кӯшиш, заҳмат ва ҷустуҷӯҳои пайвастаи шоирони ҳунарманде, монанди Лоиқ гӯётар, хонотар, расотар, гиротар ва мушаххастар гардида, аз дарди умумигӯию қолабигӯиҳо раҳоӣ ёфта, барои бозтоби зиндагии имрӯзӣ ва инсони муосир муносибтар ва мувофиқтар шуд. Шеъри тоҷикӣ дар ин давра «макон, замон, унвон ва фазои парвози» мушаххас пайдо намуда, «заминаи воқеӣ, иҷтимоӣ ва ҳаётии он ... қавӣ шуд»:

Баччагӣ чун шохборон рехт, рехт.

Баччагӣ чун обшорон рехт, рехт.

Ё мисоли шохнам аз дашти бопаҳно гузашт.

Баччагӣ гӯё буду гӯё набуд,

Баччагӣ аз мо буду аз мо набуд,

Бехабар мондем, то дидем, фарсахҳо гузашт.

Баччагӣ – гулгуни зарринёли ман,

Баччагӣ – гулгуни зарринболи ман –

Ёлу болаш ғарқи гул аз роҳи умри мо гузашт...

Ва:

Ин шаби туршрӯи боронӣ

Кулбаи модарам ба ёд омад.

Боми ӯ мечакад зи боронҳо,

Дар дилам оламе ба дод омад...

Модарам! Модари биҳиштиям!

Осмон боиси чӣ гирён аст?

Ашки ту бас набуд, ки дар дунё

Боз борону боз борон аст?..

Ё:

Чу табболе шабе борони хашмӣ

Ба боми хонаҳо чӯбакзанӣ дошт.

Дили ман андаруни синаи танг

Зи тобу таб бинои ҷонканӣ дошт...

Тамоми кӯчаи шаҳри Душанбе

Хаёле аз қадамҳои ту дорад.

Дили ман бо ҳама шӯру ҷунунаш

Таманнои саропои ту дорад.

Лоиқ дар яке аз мусоҳибаҳояш пас аз дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ бо сахтгирие, ки танҳо ба ӯ хос буд, гуфта буд, ки «ҳама шеъре, ки гуфтаам, ҳозир ҳам барои ман машқи шеъри ояндаанд, он шеъри оянда боз машқи шеъри оянда хоҳад буд». Дурустии ин суханони шоирро сайри таҳаввул ва такомули шеъри ӯ аз як маҷмӯа то ба маҷмӯаи дигар ва аз як марҳила то ба марҳилаи баъдӣ тасдиқ мекунад. Нахустин намунаҳои ғазал ва рубоиҳои муаллиф ҳанӯз дар маҷмӯаи аввалинаш «Сари сабз» ҷо дошт. Пасон миқдори ғазалу дубайтиҳои шоир то рафт бештар гардида, ба дараҷаи фаслу бобҳои алоҳидае, аз қабили «Ҷоми Хайём», «Резаборон», «Идомаи «Резаборон», «Машқи ғазал», «Дафтари ғазал» расиданд. Шеъри «Ба модарам» оғози силсилаи «Модарнома» шуд ва дертар ба шакли китоби ҷудогонаи «Дасти дуои модар» (1991) даромад. Фаслҳои «Катибаҳо», «Суханреза» ва «Дастагули тарона», ки дар маҷмӯаҳои «Хоки Ватан» (1975), «Хонаи чашм» (1982) ва «Рӯзи сафед» (1984) омадаанд, дар маҷмӯаҳои баъдӣ – «Хонаи дил» (1986), «Офтобборон» (1988) ва «Фарёди бефарёдрас» (1997) пурра шудаанд. Шеърҳои ба Устод Мирзо Турсунзода бахшидаи шоир шомили силсилаи «Сипоснома» гардидаанд. Шеърҳои дар мавзӯи рӯз, таърихи дуру наздик, ҳикмати зиндагӣ, рисолати шеъру шоирӣ ва ишқ гуфтаи вай дар ҳамаи маҷмӯа ва китобҳои пасинааш ба сифати бахшҳои умдаи онҳо ҷой дошта, ҳам аз назари мӯҳтаво ва ҳам аз лиҳози ҳунари гӯяндагӣ сайқал хӯрда, суфта гардида, шумори шеърҳои нағзи шоир ва адабиёти тоҷикиро афзун намудаанд.

Вижагиҳои умдаи шеъри Лоиқ дар солҳои 60-70-ум сурат гирифта, падидаи адабии наверо бо номи «шеъри Лоиқвор» дар адабиёти кунунии тоҷикӣ ба вуҷуд оварданд, ки он дар марҳилаҳои баъдии фаъолияти офаринандагии шоир дар солҳои 80-90-ум бо нашри маҷмӯаҳое монанди «Хонаи чашм», «Хонаи дил», «Офтобборон» ва «Дасти дуои модар» барҷастатар, қавитар ва комилтар гардидааст. Лоиқ дар ин солҳо ба ҳайси устоди шеър ҳунарнамоӣ карда, асарҳои фаровоне офарид, ки онҳо на танҳо ба сифати беҳтарин намунаҳои шеъри муосири тоҷикӣ, балки адабиёти форсизабонон эътироф шудаанд.

Қисмати умдаи сурудаҳои Лоиқро дар солҳои 80 ва 90-ум шеърҳое ташкил медиҳанд, ки дар қолабҳои анъанавии шеъри форсии тоҷикӣ – ғазал, рубоиёт, дубайтӣ, фард ва катибаҳо гуфта шудаанд. Сабаби барори фавқулоддаи гӯянда дар сурудани ин гуна навъҳои шеърӣ дар он аст, ки ӯ ба туфайли истеъдоди фитрӣ, таҳқиқи амиқ ва таҳаммули ранҷи якумрии шоирӣ тавонистааст, ки табиати аслии он қолибҳои маъмул ва имконоти гунҷоиши онҳоро ба дурустӣ дарк намуда, барои ифодаи мавзӯъ ва маъниҳои замони худ мувофиқ гардонад ва ба тани ниммурда ва фалаҷгардидаашон аз дасти муташоирон ва тақлидгарон ҷони тоза бахшад.

Ғазал, рубоиву дубайтиҳо, фардиёту катибаҳои Лоиқ агарчи дар қолабҳои суннатӣ гуфта шудаанд, дар худ эҳсосу андешаи инсони замони муайян – охири садаи бист, инсони воқеиеро бозтоб додаанд, ки миёни соҳили дирӯзу фардо истода, дар байни Замину Офтобу Моҳ, одамизод ва табиат миёнҷигарӣ мекунад. Инсоне, ки устухонаш бо ғазалиёти шӯрангези Ҳофиз, Мавлавӣ, Соиб ва Калими Кошонӣ, бо рубоиёти оламшумули Хайём, рубоиву дубайтӣ ва фардиёти бонамаки мардумӣ шах шуда, аз сангнавиштаҳо ва катибаҳои аҷдодаш бохабар аст. Ва боз ҳам эҳтиёҷ ба ғазалу рубоиву дубайтиҳои тоза ба тозаи имрӯзӣ дорад. Чаро ки табиати ин навъҳои шеърӣ ва мӯҳтавои онҳо ба дилу дидаи вай аз азал бо аллагӯиҳои модар, бо мақомхонӣ, фалакхонӣ ва байтхониҳои ҳамқавмонаш ва ҳунармандон ошно мебошад. Шоир дар замина фармудааст, ки «ман аз овони сабзҷавониям бо ғазал коми худро бардоштаам». Бино ба гуфтаи ӯ, «ғазал ҳазор сол, балки бештар барои такомули завқи як халқи соҳибфарҳанг ва мухлисону гаравидагони фарҳанги ӯ хидмат гузошт, рисолати таърихӣ, иҷтимоӣ ва инқилобии худро дар масири ҷаҳонӣ ифо кард ва боз ҳам то ин халқ дар рӯи замин ҳаққи қисмат дорад, хидмат хоҳад кард... Ғазал шиносномаи таърихи фарҳанг, фалсафа, илму фунун ва ҷаҳони ҳасту нести мардуми форсу тоҷик аст». Лозим ба таъкид аст, ки назари ӯ дар мавриди зарурати эҷоди рубоиву дубайтӣ, фард ва катибаҳо низ чунин аст. Чунончи вай дар бобати катибаҳо фармудааст, ки «ман боре гӯристонҳои Самарқандро зиёрат карда, дар сари қабрҳо байтҳои аҷибе хондам. Ман он вақт донишҷӯи институт будам. Аз дилам гузашт, ки халқ ба катибаҳои ёдгорӣ эҳтиёҷ дорад. Ҳамон вақт мехостам чунин катибаҳо нависам, аммо натавонистам. Баъд катибаҳои Расул Ҳамзатов баромад. Онҳоро хонда, боз як бор пай бурдам, ки катиба лозим аст». Нуктаи ҷолиб дар ин гуфта он аст, ки дар қолибҳои суннатӣ шеър гуфтани шоир, пеш аз ҳама, тақозои худи зиндагӣ буда, ангезаҳои дигар танҳо як таконе шудаанд барои эҷод кардани онҳо.

Ду-се ғазалу рубоиву дубайтӣ ва катибаҳое, ки ба тариқи намуна оварданиям, боз ҳамон «муште аз хирвор»-и пурбори устод Лоиқ мебошад.

Аз рубоиёт:

Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,

Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост,

Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман

Модар яктост, Тоҷикистон яктост.

Ва:

Он лаб, ки зи чашмони сиёҳат бӯсид,

Аз бӯсагаҳи рӯи чу моҳат бӯсид,

Баъди ту нахоҳад аз ҷаҳон рӯю лабе,

Бе рӯю лаби ту хок хоҳад бӯсид.

Ё:

Донам, ки агар пагоҳ мемирам ман,

Аз зиндагӣ қасди хеш мегирам ман.

Ҳар чиз, ки дорам, ҳама афканда бар об,

Чун об ба ҳоли хеш мегирям ман.

Аз дубайтиҳо:

Тароватҳои мӯят ёдам омад,

Назокатҳои рӯят ёдам омад.

Дар ин соат, ки гунгу лолам аз дард,

Садои гуфтугӯят ёдам омад.

Ва:

Маҳи кӯр асту абри бурда-бурда,

Кӣ аввал кокулонатро шумурда?

Кӣ бо ту як нафас хандиду бишкуфт?

Кӣ бо ту дода ҷон, аммо намурда?

Ё:

Ду чашми бегуноҳи ту маро кушт,

Нигоҳи бепаноҳи ту маро кушт.

Намурдам аз ҳазорон қасду буҳтон,

Як оҳи ту, як оҳи ту маро кушт.

Аз ғазалиёт:

На зи ранҷу азоб метарсам,

На зи ҳоли хароб метарсам.

Бими тӯфони мавҷҳоям нест,

Аз хаси рӯи об метарсам.

Бо замона ҳисоби ман пок аст,

Аз ду-се каҷҳисоб метарсам.

Аз сиёсат набошадам боке,

Аз сиёсатмаоб метарсам.

Дӯш гар бошитоб мерафтам,

Ин замон аз шитоб метарсам.

Дӯш аз ман шароб метарсид,

Ман кунун аз шароб метарсам.

Аз катибаҳо:

Хидмати марг мекунад, то ҳаст,

Хидмати ӯ ба зиндагӣ ин аст.

(«Дар тобут»)

Ва:

Аз дасти бастае

Дасти шикаста беҳ.

(«Дар дастпона»)

Лоиқ табиатан шоири ишқиясаро, ба истилоҳи ғарбиён «лирик» ва ба гуфтаи худаш «шоири ошиқ» буд. Ва ҳамаи офаридаҳои ӯ аз шеъри нахустинаш «Ном» (1959) то сурудаҳои охиринаш (июни 2000) тааллуқ ба навъҳои гуногуни шеъри ғиноӣ (ишқия): иҷтимоӣ, фалсафӣ ва ошиқона дорад. Тавре ки худи шоир қоил шудааст, ӯ бисёре аз шеърҳояш, аз ҷумла «Хоки Ватан», «Китобҳои шаҳид», силсилаи «Илҳом аз «Шоҳнома»-ро аввал чун маводи достон пеши худ пиндошта будааст, аммо чун рӯи коғаз омадаанд, дидааст, ки шарт нест онҳоро кашол дода, ба бобҳо тақсим карда, пурҳарфиро раво дида, достон кунад. Вай эътиқод бар он доштааст, ки баъзе аз мавзӯъ ва мазмунҳои достонӣ (эпикӣ)-ро дар чаҳорчӯби як рубоӣ ё дубайтӣ ва ё фард хулоса кардан мумкин аст. Ва чунин ҳам кардааст. Дар воқеъ ӯ рубоӣ, дубайтӣ ва фардҳое гуфтааст, ки вусъати тасвири ҳамосиро дар худ гунҷондаанд.

Шоир бо ишора ба он ки ӯ ишқиясаро (лирик) аст, на ҳамосасаро (эпик) ва бо такя бар қавле, ки «фикри ҳар кас ба қадри ҳимматиӯст» фармудааст, ки «аз дарахти себ – себ, аз ток – ангур бояд талаб кард», на баръакси онро, яъне ки аз ӯ мунтазири гуфтани ишқия бояд буд, на шеъри достониро. Комилан тасодуфӣ нест, ки гӯянда яке аз шеърҳояшро «Руҷӯи достоне, ки ҳаргиз наметавонам навишт» номгузорӣ кардааст. Вай ҳамчунин фармудааст:

Ман аз азал, ки шоири ошиқ расидаам,

Аз хомаам таровиши нақши азал расад.

Лоиқ бо гуфтани беҳтарин намунаҳои шеъри ватанхоҳона («Хоки Ватан», «Таърих гувоҳ аст...», «Айнӣ», «Қитъаи шеър» (барои Устод Мирзо Турсунзода»), «Китобҳои шаҳид», «Баъд аз ҳазор сол...», «Аҳмади Дониш», «Оли Сомон» ва ғ.), шеъри рӯз («Нуристони Норак», «Балладаи офтоби Норак», «Қасидаи 1.000.000», «Шеъри сафеди «Тиллои сафед», «Достони дастҳо», «Чашми деҳқон», «Дуои борон» ва ғ.) ва шеъри замонӣ («Духтари рустоӣ», «Мӯйсафедон», «Баччагӣ», «Падарам, эй падари деҳқонам», «Дар ҷанозаи ҳамсолам», «Пирӣ», «Хокрӯб», «Шоҳасар», «Шикастабанд», «Ҷони масчоҳӣ» ва ғ.) собит кард, ки дар воқеъ зиндагӣ саросар пур аз шеър аст, онро фақат бояд дид, дарёфт ва бозгӯ кард. Бо ин ҳама шеърҳои ошиқонаи ӯ зеботарин қисмати мероси адабии ӯ мебошанд. Дар гуфтани онҳо ҳунари шоирии Лоиқ алалхусус дар солҳои 80-ум ба тамомӣ зуҳур дорад. Зебоӣ ва нотакрории шеърҳои ошиқонаи замонии шоир дар он аст, ки онҳо ҳар як дар худ як ҳолат, як рӯҳия, як манзара, як фазо, як эҳсоси муайяни муайян ва нотакрори олами ишқро шоирона ва ошиқона ва бе рӯву риё бозтоб медиҳанд. Шоир дар онҳо аз васл, ҳаҷр, дард, ҳасрат, хотирот, хушиҳои ҷавониву ормонҳои пирӣ, ба сухани дигар, аз баҳору хазони ишқ, аз гулу хори ишқ, аз сӯзҳои ширину талхи ошиқон қиссаҳои ошиқонаи дарзамонӣ мекунад. Ишқияҳои шоир чунон фаровон ва чунон гуногунанд, ки ҳар каси гирифтор чизи муносиби ҳолу аҳволи хеш, мувофиқи эҳсосу андешаҳои хеш пайдо менамояд. Гулназар, ки худ низ мисли Лоиқ ишқиясарост, ба мушоҳида гирифтааст, ки «байтҳои Лоиқ номаҳои ошиқонро оро медиҳад, ҷавонон бо шеъри Лоиқ ишқварзӣ мекунанд».

Азбаски шеърҳои нағзи ошиқонаи шоир беҳад зиёданд, танҳо бо зикри номи иддае аз онҳо ва иқтибоси чанд байте аз онҳо иктифо менамоем: «Кӣ дар овони ҳаждаҳ­солагияш», «Ҳусн», «Кабӯтарҳо», «Дар Варзоб», «Дар тобу табат бинам, бехоби шабат бинам», «Дар он соат», «Ширмаҳтоби ғуборолуда», «Ошиқон – шоирони бедевон», «Ману ту тирамаҳ гулчинӣ рафтем», «Ҳар гаҳ, ки бо туам, рӯҳам пур аз сафост», «Баҳоре буду маҷнунбеди навбарг», «Он шом зи пушти боғи кӯҳӣ», «Духтари хоназоди хатлонӣ», «Оваҳ, оваҳ чӣтирамоҳе буд», «Оҳ, эй зан, зани оташбунёд», «Аввали ишқ – осмони баланд», «Дилам он қадр мастӣ хоҳад имшаб», «Дуо», «Баъди чанде, ки басо об зи сарҳо гузарад», «Номаҳоят», «Боз омад тирамаҳ бо баргҳои зарди хеш», «Ғуруби офтоби ҳуснат омад», «Дидам ӯро боз баъди чанд сол», «Дар буттаҳои гул нашкуфта ғунчаест» ва ғ. ва ҳ.к.

Ҳар ду нишастаем

Дар рӯи тахтасанг,

Ҷорист рӯди маст

Пуршӯру бедиранг.

Ҳар ду нишастаем

Беҷурму бегуноҳ,

Дилҳои ташнаком,

Лабҳои бӯсахоҳ...

Ҳар ду нишастаем

Ҳам дур, ҳам қариб,

Ё ишқ, ё умед,

Ё бахт, ё насиб!..

(«Дар Варзоб»)

Ва:

Он шом зи пушти боғи кӯҳӣ

Маҳ тор танида мебаромад.

Як банд алаф ба пушт пире

Аз кӯҳ хамида мефаромад...

Маҳтоби паридаранги коҳил

Мерехт ба фарқи шохсорон.

Дар олами сояравшани боғ

Будем ду тан зи растагорон.

Печида ба ҳам ду сояи мо

Метофт ба сони сояи бахт,

Яксони замин хамӯш мегуфт –

Оё кӣ расад ба пояи бахт?

Ё:

Аввали ишқ – осмони баланд,

Охири ишқ – хоки домангир.

Аввали ишқ – орзуҳо гарм,

Охири ишқ – орзуҳо пир...

Аввали ишқ – гулфишони баҳор,

Охири ишқ – баргрезиҳост.

Аввали ишқ – аввали дунё,

Охири ишқ – охири дунёст!

Дигар:

Дилам он қадр мастӣ хоҳад имшаб,

Ки роҳи хонаи худро наёбам.

Тиҳӣ созам ҳама майхонаҳоро,

Ки аз сар бигзарад ҳар сарҳисобам.

Зи назди хонаат ғалтону хезон

Гузар созам чу як девонаи ишқ.

Чароғи хонаат бинам фурӯзон

Чу нури сармади кошонаи ишқ.

Кулоҳамро зи истиғнои мастӣ

Барандозам ба сӯи Каҳкашонҳо

Равам, бар остонат сар гузорам,

Ки мебошад баланд аз осмонҳо...

Шеъри Лоиқ, ҳам оне, ки дар қолабҳои замонӣ ва ҳам оне, ки дар қолабҳои суннатӣ эҷод шудааст, дар маҷмӯъ суруди Инсони садаи ХХ мебошад. Инсоне, ки шоҳиди гардишҳои бузурги иҷтимоӣ, ҳамдаврони ҳамсолони паровари хеш, инсони замони кашфи кайҳон, замони расидани пои фарзанди одам ба рӯи Моҳ, замони рӯи ниёз овардани инсоният ба Олами асғар – ҷаҳони инсон, ба арзишҳои умумибашарӣ, замони худогоҳию хештаншиносӣ буд. Бинобар он ҳам шахсияти адабии шоир, ба истилоҳи маъмул қаҳрамони ғиноии ӯ ҷисман ва рӯҳан бузург буда, то андозае чеҳраи ормонии шахсиятҳои «Шоҳнома» ва Инсони комили адабиёти ирфонии моро ба хотир меорад. Шоир мегӯяд:

Надидам ҳеҷ инсоне, дареғо,

Ки чун Мавлои Балх инсон парастад.

Бо ин ҳама Инсони Лоиқ аз табори инсони шоири муосири литвонӣ Э.Межелайтис, ки китоби шеърҳояш таҳти унвони «Инсон» дар байни аҳли илму адаби тоҷик маҳбубияти зиёд дошт ва қаҳрамонони ғиноии шоирони дӯстдоштааш Есенин ва Нодирпур буд. Ба сухани дигар, Инсони ӯ бо он ҳама абарқудратӣ ва бузургрӯҳиаш ҳамзамон бисёр заминӣ, хокӣ ва осебпазир буда, дили урён дорад:

Дилам таҳ мезанад шабҳо, худоё,

Магар ҷон меканад шабҳо, худоё?

Дорои хислатҳои заминӣ ва воқеӣ будани қаҳрамони шоир онро ба дилу дидаи хонандаи имрӯза наздиктар гардондааст. Як тан аз қаламкашони ҳунарманди тоҷик ҷавонмардона эътироф намудааст, ки «гоҳе ки шеъри Лоиқро мехонам, хаёл мекунам, ки шеъри ман аст, садои виҷдон ва дарди ҷони ман аст, изтиробу талотум ва шӯру ҷунуни ман аст, ман бо модарам сӯҳбати рӯҳонӣ меварзам, ман аҳволи хоҳару додаронамро мепурсам, «аз Бухоро то дили ман як ваҷаб роҳ асту бас», дар назди ман ҳам интихоби ягонаи ахлоқӣ ба ин тариқ истодааст – «Ё тири замин шавем, ё зери замин».

Дар нақди муосир қазияе маъмул аст, ки ҳар суханвари тавоно ба майдони адабиёт қоидатан бо шахсияти адабии худ, бо сабку шеваи баёни худ, бо асбобу афзори ҳунарии худ ворид мешавад. Тавре ки дидем, Лоиқ аз ҷумлаи ҳамин гуна адибони қудратманд буд. Вай бовар бар он дошт, ки «қасди шоир аз сухан одамгарист» ва моҳияти «тамоми навиштаҳои башарро» низ маҳз бузургдошти одамизод ташкил медиҳад:

Аз тамоми навиштаҳои башар,

Ки нависандааш худодод аст,

Беҳтарин сафҳае, ки ман хондам,

Сафҳаи рӯи одамизод аст.

Лоиқ иброз дошта буд, ки «кеши ӯ одамист» ва худи ӯ «инсонгаро». Ва ҳангоме ки рӯзноманигоре аз вай пурсидааст, ки муродаш аз гуфтани шеър чист, ҷавоб додааст, ки «одамонро ҳушёртар, бедортар, зеботар кардан. Шинохтани одам ва шиносондани одам ба худаш, ӯро дар рӯбарӯи худаш қарор додан, ботинашро дар оинаи тасвир нишон додан». Ва ин маъниро ба қолаби назм ҳам даровардааст:

Шеър гуфтам барои он, ки шумо

Қадри худро дуруст бишносед.

Қаҳрамони Лоиқ парвардаи обу ҳавои хоки Тоҷикистон, фазои ҷомеаи мо мебошад. Аммо худро фарзанди тамоми одамизод, номбардори Замину Замон, пайвандгари соҳили дирӯзу имрӯзу фардо, чун сабза миёнҷии Замину Хуршед, посбони зиндагону рӯҳбони мурдагон, яъне ҷузъи Инсоният мешуморад. Шоир бар ин ақида аст, ки «агар мо дарди миллатеро гӯему хушбахтии онро хоҳем, комил нестем, чунки Инсоният аз мадди назари мо дур мемонад. Вале агар бихоҳем, ки миллатро ҳамчун як ҷузъи Инсоният хушбахт бинем, ин чизи дигар аст. Инсоният низ дар навбати худ комил набуду нест. Чанд миллиард кас дар чандин миллион сол комил нагаштем: ҳамон буғз, кина, ҷангу ҷидол, куштору ғорату тороҷи чандинҳазорсолина дар вуҷуди мо боқӣ монда. Инсони комил нест ва умеди инсони комил гаштан шоиреро тавлид месозад...»

Ибтидои ман – деҳи хурди Мазор,

Интиҳои ман – ҷаҳони беканор...

Ва:

Мисли худ покбозу покимон

Як ҷавонмард орзу дорам.

Тавре ки мебинем, ҳам дар чеҳраи шахсияти шеъри Лоиқ, ҳам дар қолабҳои инзамонӣ ва суннатии сурудаҳои ӯ, ҳам дар сабку шеваи баёни ӯ, забони осораш, ҳам дар мавзӯю мазмун ва ҳам дар усули тасвиргарии шоир мо имтизоҷи суннатҳои қадиму ҷадид, кӯҳна ва нав, шарқию ғарбӣ, адабиёти шифоҳию китобӣ, шеъри наву шеъри сафед, арӯзи клосикию арӯзи озод, қофияи суннатию қофияпардозиҳои даврони охир, таъриху замони имрӯзиро мебинем. Мӯъмин Қаноат дар вақташ дуруст ба мушоҳида гирифта буд, ки дар байни адибони муосири тоҷик Лоиқ «ягона шоирест, ки кӯшидааст тамоми роҳҳо ва василаҳои тасвирро аз тасвири воқеӣ то тасвирҳои орифона, ошиқона ва риндона ба кор барад, аз рӯйдодҳои хурду бузург ҳолат ва лаҳзаҳои мухталифро дар қолаби шеъри нав, ғазал, дубайтӣ, тарона дарорад. Аз ҳамосаи зиндагӣ то «Мадҳияи аҷал» – дар ин паҳнои беохир, қаҳрамони лирикии ӯ андеша меронад». Лоиқ ба шарофати қобилияти фитрии худодод ва ҳунари волои шоирияш он падидаҳои адабии гуногунро тавре ба ҳам омезиш додааст, ки онҳоро аз ҳамдигар ҷудо кардан сахт душвор мебошад, балки гоҳе номумкин ҳам ҳаст. Шоири тоҷик тавонистааст, ки ҳамаи он падидаҳои адабиро, ба истилоҳ, аз ҳаллоҷии инсонӣ ва шоирияш гузаронад ва миёни онҳо синтезе ба вуҷуд биёрад. Ин чиз ба ҳар фард муяссар нахоҳад шуд. Ин бахт танҳо насиби адибони барҷаста ва баргузидае, мисли Лоиқ, мегардад. Вай дар ин маврид ба занбӯри асале монанд аст, ки аз шираи гулҳои гуногун ва фаровони боғу бӯстонҳо асал меофарад ва он димоғи мову шуморо атрогин ва коми моро лаззат мебахшад. Ва мо асалхӯрон ғолибан пурсон намешавем, ки он шираи кадом гули мушаххаси бӯстон ва ё гиёҳи мушаххаси як боғу роғ аст. Барои мо муҳим он аст, ки он асал хушбӯй ва хушмаза бошад.

Вақте ки баъзе аз алоқамандон ва таҳқиқ­гарони шеъри Лоиқ кӯшиш намудаанд, ки манбаъ ва маншаъҳои баҳрабардориҳои ӯро дар гуфтани ин ва ё он навъи шеърӣ ва ё истифодаи сабку баён, мавзӯъ ва мазмун ё худ чизҳои дигаре ташхис диҳанд, аз ин ва ё он адиби гузашта ва имрӯза ном бурдаанд. Ғолибан онҳо дар рубоиёти шоир таъсири Умари Хайём, дар дубайтиҳояш осори дасти Бобо Тоҳири Урён ё Иқбол, дар ғазалиёташ нуфузи Ҳофиз ё Соиб, дар «Модарнома» нишони шеъри Эраҷ Мирзо ва ё С.Есенин ва дар катибаҳояш асари катибаҳои Расул Ҳамзатов ва ё каси дигареро дидаанд. Ин иштибоҳи маҳзи онҳост ва гувоҳӣ бар он медиҳад, ки эшон ҳанӯз ба шинохти дурусти шеъри шоир тавфиқ наёфтаанд. Зеро дар офаридаҳои ӯ, аз ҷумла дар намунаҳои ҷудогонаи он дар як вақт баҳрабардорӣ аз чандин манбаъ ва маншаъ, аз чандин адиб, аз адабиёти китобатию шифоҳии чандин халқи ҷаҳон дар якҷоягӣ ҷо дорад. Барои мисол, дар ғазалиёти ӯ ба ҷуз таъсири Ҳофиз ва Соиб ҳамчунин баҳрагириҳо аз осори Мавлавӣ, Калими Кошонӣ, Бедил, Сайидои Насафӣ, Лоҳутӣ ва дигарон ба назар мерасад. Ин ҳолат дар рубоиёт, дубайтиҳо, фардиёт ва катибаҳои ӯ низ ҷо дорад. Дар онҳо ҳам осори адабиёти китобӣ, ҳам фаҳлавиёти мардумӣ, ҳам шоирони соҳибдевони гузашта ва ҳам гӯяндагони мардумии бедевон ва гумном мавҷуд аст. Айни онро дар шеърҳои замонии муаллиф низ мебинем. Худи шоир низ ҷо доштани ин ҳодисаро дар навиштаҳояш эътироф ва тасдиқ мекунад, ки ҳатто «мумкин аст, дар як байт ҳам таъсири Есенин бошаду ҳам Соиб..» Шеъри мақбул, ба гуфтаи ӯ «гоҳ ба хонанда Есенину Соиб, гаҳ-гаҳ Рӯдакиву Ҳофизро ёд меорад».

Лоиқ ҳамеша тарафдори баҳра бардоштан ва омӯзиши пайваста аз осори дигарон буд, вале таъкид мекард, ки «набояд аз эҷоди дигаре сӯистифода кард...» Аз ин нигоҳ ҷавоби шоир ба саволи он ки «шумо мураттиби осори мунтахаби Соиб будед, оё Соиб ба Лоиқ таъсир кардааст?» хеле омӯзанда аст. Вай мегӯяд: «Не. Ман аз Соиб баҳра бурдаам, аммо комилан зери тасарруфи Соиб нестам».

Лоиқ шоири фавқулода ҳимматбаланд, покбоз ва ҳақгӯ буд. Ҳар ҷо, ки аз касе илҳом гирифтааст, пайравӣ намудааст, баҳра бардоштааст ва ё тақлид кардааст, ошкоро ба онҳо ишора намудааст, аз ҷумла ба Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Фаррухии Систонӣ, Хайём, Ҳофиз, Хусрави Деҳлавӣ, Мавлавӣ, Соиб, Камоли Исфаҳонӣ, Маликушшуаро Баҳор, Эраҷ Мирзо, Нодирпур, Иқбол, Мирзо Ғолиб, Толиби Қандаҳорӣ, Ҳейне, Есенин, Мирзо Турсунзода, Расул Ҳамзатов, ба фаҳлавиёти мардумӣ, ба мақолу зарбулмасалҳо ва ғ. То чӣандоза дар ин масъала дақиқ ва ҳалолкор будани гӯянда аз як ишорае, ки дар эзоҳи мисрае аз рубоиҳояш дар китоби «Фарёди бефарёдрас» кардааст, намудор мешавад. Вай гуфтааст, ки «гумон мекунам ин мисраъ («Рӯзе ки ғами ту хурда шодон будам» – А.С.) таворуд аз пешиниён аст, аммо ёдам нест, ки аз кист».

Агар ба чигунагии пайравӣ, баҳрагирӣ, илҳомгирӣ ва ҳатто тақлидҳои Лоиқ таваҷҷӯҳ намоем, мебинем, ки ӯ ба ҳайси як ҷӯяндаи камолот дар шоирӣ аз дигарон, пеш аз ҳама ва бештар аз ҳама, ҷавоб ба саволи «чӣ тавр бояд гуфт?»-ро ёфтанӣ шудааст, на ҷавоб ба саволи «чӣ бояд гуфт?»-ро. Зеро Лоиқ чизи гуфтанӣ, паёми расонданӣ ба хонандагонашро дошт, барои вай пайдо намудани қолабҳои дархури баёни он чизҳо ва он паёмҳо арзиши бештаре дошт. Сабаби ба шеъри нав, ба эҷодиёти Нодири Нодирпур, С.Есенин, ба шеъри сафед, ба навиштаҳои Пабло Неруда, Уйитмен рӯ овардани ӯ низ дар ҳамин аст.

Бартарии Лоиқ нисбат ба дигар ҳамқаламони ҳамдавронаш дар он буд, ки вай дар заминаи шеъри гузашта ва имрӯзаи тоҷикӣ, адабиёти форсизабонон, адабиёти русӣ, адабиёти дунё, адабиёти мардумӣ, забон, фарҳанг ва таърих таҳқиқ дошт. Ҳамаро месанҷид, меомӯхт, таҳлилу таҳқиқ менамуд ва дар бораи ҳар яке аз онҳо назари хоси худро дошт. Аз ин сабаб мулоҳиза ва муҳокимарониҳояш чи дар заминаи шеъри форсии тоҷикӣ, чи намояндагони алоҳидаи он, чӣ адабиёти кишварҳои дигар, забон, фаҳлавиёт, фарҳанг ва таърихи тоҷикон боасос ва мӯътамад буданд. Борҳо шоҳиди он будам, ки Лоиқ барои исботи гуфтааш ва ё навиштааш як далел не, чандин далели қавӣ ме­овард ва тарафи дигари баҳсро қонеъ мегардонид. Баъзе аз ноқидони осори шоир гоҳе гумон мекарданд, ки Лоиқ ин ва ё он калима, таъбир, ибора, истилоҳ ва ё талмеҳро нодуруст истифода мекунад. Вале ҳар дафъа бовар ҳосил менамуданд, ки иштибоҳ аз онҳост, на аз шоир. Манбаъҳои боэътимоди шоир дар ин ҳолатҳо осори гузаштагон, луғатномаҳо, забони зиндаи халқ, адабиёти шифоҳии мардумӣ буданд ва онҳо, ба эътиқоди ӯ ҳаргиз ба хато роҳ надодаанд. Лоиқ кони шеъру кони луғатҳои нодир ва сараи форсии тоҷикӣ буд ва ҳамаро аз ёд медонист ва дар зарурат бадоҳатан далел меовард. Вай ҳамеша барҳақ таъкид менамуд, ки ҳам адиб ва ҳам нақдкунандагони осори он бояд дар заминаи мавриди баҳси худ ба таври ҳатмӣ таҳқиқе дошта бошад. Ӯ хосса аз қаламкашон тақозо мекард, ки «аз назари таҳқиқ ба кунҳи масъала бирасанд», зеро аз рӯи фаҳмиши ӯ, содир намудани иштибоҳ азҷониби онҳо нобахшиданист.

Фоҷиаи солҳои 90-ум дар Тоҷикистон дар осори Лоиқ – шоире, ки маҳз ба шарофати офаридаҳои ӯ дар адабиёти кунунии мо баёни тафаккури миллӣ расм гардида буд, таъсири бисёр амиқ ва муассир гузошт. Осори индавраинаи шоир саросар лабрези ҳасрату дард аст аз хорию афтодагӣ, забунию бечорагии миллати тоҷик, аз хештанношиносӣ, аз пора-пора шудани он ба маҳалҳо, аз вайронию ноободии кишвар, аз он ки ин сарзамини замоне ободу ором имрӯз ба маргистон, ба кушторгоҳ, ба мурдахона, ба ошёни камону камонгарон табдил ёфтааст. Шоир бо як андӯҳи бузург гуфтааст, ки имрӯз аз хоки меҳан бӯи гӯр меояд ва оби он таъми маргро дорад. Гӯяндае, ки замоне аз гузаштаи пур­ифтихори миллати хеш ва кишвари бостонияш меболид ва шеърҳо мегуфт, имрӯз бо нафрат ва бо алам аз ҷанги миллаткуши тоҷикон қиссаҳои ҷонгудозе мекард.

Дар шеъри индавраинаи Лоиқ хитоба ҷои асосӣ дорад. Ин навъи шеърӣ дар фаъолияти офаринандагии ӯ бесобиқа набуд, вале ба ин андозае, ки дар солҳои 90 вусъат пайдо намудааст, он вақт ба чашм намерасид. Вусъати хитоба дар осори солҳои охири гӯянда таъсирашро дар навъҳои дигари сурудаҳои ӯ, ҳатто дар ғазалҳои ошиқонааш низ гузоштааст. Сабаби чунин ранг гирифтани ашъорашро шоир аз зиндагии «урёну гирёни» он даврон медонад ва бо сароҳат ба он ишора менамояд:

 

Дар ин даврон, ки ҷисми зиндагӣ

урёну гирён аст,

Сухан нолон, сухан гирён,

сухан ҳам низ урён аст.

 

Муроди шоир аз урёнии суханаш дар солҳои 90-ум он нест, ки шеъри ӯ бепироя шудааст, яъне бе тасвир ва маъниҳои шоирона, балки он аст, ки дар шеъри ӯ бештар баёни ошкоро ва фошофоши воқеияти талхи давр мавқеъ пайдо карда буд. Шеваи баёни гӯянда дар онҳо сабки баъзе аз ғазалиёти Ҳофиз, шеърҳои Сайидои Насафӣ ва сурудаҳои ҷудогонаи Абулқосим Лоҳутиро ба хотир меорад.

Шоири хунинҷигар (ӯ худро ҳамин тавр номидааст) бо тамоми тавоноӣ ва ҳунаре, ки дар шеъру шоирӣ дошт, зангӯлаи бедорӣ

 

Ҷустуҷў

Шиори рўз



Designed by Bejan