АРХИВЫ

МД МТШ №1 БА НОМИ АХМЕДОВ К.

Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрӣ №1 ба номи Ахмедов К., муассисаи калонтарини сатҳи бистаринамоии шаҳри Душанбе буда, бар пояи Беморхонаи клиникии шаҳрии №2, ки соли 1968 таъсис ёфта буд, созмон дода шудааст. (Бо созмон додани ин беморхона роҳбарияти шаҳри Душанбе бори нахуст ифтитоҳ намудани муассисаи фарогири тиббиро, ки дар ҳайати худ сохтори дармонгоҳӣ ва хадамоти бисёрсоҳавии беморхонавиро доро мебошад, роҳандозӣ намуда буд.  Марказ  ягона муассисаи бисёрсоҳавии тиббӣ пойтахт буда, на танҳо ба аҳолии шаҳри Душанбе, балки ба сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ёрии тиббии беморхонавиро мерасонад. Марказ аз 442 кати беморхонавӣ иборат буда, дар сохтори худ таваллудхона иборат аз 100 кат, шӯъбаи бемориҳои асаб иборат аз 30 кат, шӯъбаи септикию сироятии кӯдакони навзод ва норасид иборат аз 32 кат, шӯъбаи бодигармшиносӣ иборат 22 кат, шӯъбаи бемориҳои сироятӣ иборат 40 кат, шӯъбаи эндокпмнологияи калонсолон иборат аз 48 кат, шӯъбаи бемориҳои эндокринологияи кӯдакона иборат аз 15 кат, шӯъбаи бемориҳои дили борат аз 45 кат, шӯъбаи бемориҳои дарунӣ иборат аз 55 кат, шӯъбаи ҷарроҳии ғадудҳои дохилӣ иборат аз 36 кат ва шӯъбаи наҷот иборат аз 19 катро фаро мегирад. Инчунин дар сохтори Марказ шуъбаи ташхиси машваратӣ, ки фарогири озмошгоҳи клиникӣ-биокимиёвӣ, озмоишгоҳи бактериологӣ, ташхиси томографияи компютерӣ, даруннигарӣ, фаросавтӣ, доплерометрия, сабти барқии кори дил, рентгени рақамӣ тавонбахшӣ ва инчунин шӯъбаҳои қабули калонсолон, кӯдакона ва сироятӣ фаъолият мекунанд. Иқтидори аввалияи беморхонавии Марказ 825 катро ташкил медод. Дар солҳои минбаъда хадамоти беморхонавии Марказ ҳам дар самти фаъолият ва ҳам дар шумораи захираи катҳо тағйир ёфт. Аз соли 1997 иқтидори кати беморхонавӣ 397 воҳиди катиро (илова ба 15 кати наҷот) ташкил дода, аз 1 сентябри соли 2006 бар пояи ифтитоҳи шӯъбаи ҷарроҳии ғадудҳои дохилӣ захираи катҳои Марказ то 427 кат (бо иловаи 15 кати наҷот)  расонида шуд. Соли 1970 дар заминаи Беморхонаи клиникии шаҳрии №2 (ҳоло Маркази тиббии шаҳрӣ) шӯъбаи эндокринологӣ бо иқтидори 120 кат барои расонидани ёрии беморхонавӣ ба аҳолии калонсол ва кӯдакони гирифтори бемориҳои эндокринӣ аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ созмон дода шуд. Дар солҳои минбаъда иқтидори бистаришгоҳии шӯъбаҳои эндокринологии Марказ то 80 кат коҳиш ёфта, бо мақсади мукаммал намудани хадамоти эндокринологӣ дар пойгоҳи шӯъбаҳо табдилдиҳӣ ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷаи он кафедраи эндокринологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Маркази шаҳрии эндокринологӣ таъсис дода шуданд. Дар соли 2006 бо мақсади таҷдиди минбаъда ва мутобиқсозии хизматрасонии эндокринологӣ, пас аз таъмири куллӣ шӯъбаи ҷарроҳӣ бо бахши амалиёт барои расонидани ёрии махсусгардонидашудаи тиббӣ ба беморони гирифтори диабети қанд ташкил карда шуд. Ҳамин тариқ, сохтори эндокринологии фарогири хизматрасонии дармонгоҳӣ, кафедраи таълимии пойгоҳӣ ва беморхонавии дорои бахши ҷарроҳӣ ташкил гардид, ки назири худро дар кишвар надорад. Ташкил намудани хизматрасонии мазкур истифодаи самараноки захираи катҳо, коҳиш додани оризаҳои шадид ва дерини диабети қанд ва бемориҳои ғадудҳои сипаршакл то 20-30%- ро пешбинӣ намуда, давомнокии умри беморони эндокриниро таъмин намуда, сатҳи беморшавӣ, маъюбият ва фавт аз чунин бемориҳоро коҳиш медиҳад.

Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил наметавонад ба пуррагӣ дӯшбории бемориҳои дилро дар кишвар ба зимма дошта бошад. Вобаста ба ин, соли 1986 дар заминаи яке аз шӯъбаҳои Марказ шӯъбаи бемориҳои дил барои 80 кат бо бахши табобати оҷил таъсис дода шуд, ки иқтидори бистаришгоҳии он минбаъд коҳиш ёфта, дар айни замон 48 катро ташкил медиҳад.

Ҳамасола дар Марказ зиёда аз 20 000 шаҳрвандон бо табобати сатҳи бистарӣфаро гирифта шуда, мутахасисони марказ ва кафедраҳои пойгоҳӣ ба зиёда аз 50 000 ниёзмандон мащварати дармонгоҳии тахассусӣ дода мешавад. Дар шӯъбаи таваллуди марказ хамасола зиёда аз 5 000 валодат ба қайд гирифтамешавад.

Дар Муассиса 2 Маркази шаҳрии тахассусӣ ҷойгир буда, ҳамзамон Марказ  пойгоҳи тиббии 9 кафедраи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ДТБКСТҶТ маҳсуб меёбад.

Айни хол дар Марказ 813 корманд аз ҷумла 203 – табибон, 363 кормандони миёнаи тиб, 199 кормандони хурди тиб, 48 кормандони маъмурию хоҷагӣ фаъолият менамоянд. Тибқи сохтори ҷадвали аёлот 637,5 воҳиди корӣ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла: табибон –144,0, кормандони миёнаи тиб – 265,5 кормандони хурди тиб – 162,25 кормандони маъмурию хоҷагӣ–  65,75

ВХОД

March 2024
M T W T F S S
« Feb    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031