Индекс материала
Маслихатхои муфид
Страница 2
Все страницы

ХЎРОКИ ПАРҲЕЗӢ БАРОИ БЕМОРОНИ ДИАБЕТИ ҚАНДИ ВОБАСТА АЗ ИНСУЛИН

Хайров Х.С.

Маркази ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои ғизо

Хўроки парҳезӣ яке аз қисмҳои асосӣва ҷудонашавандаи табобати беморони диабети қанд мебошад. Хўрок омилест, ки ҳамеша ба ҷисми инсон, ҳолати саломатӣва қобилияти меҳнат таъсир менамояд. Ташкили хўроки дуруст иқтидори муҳофизатии ҷисмро нисбат ба таъсири омилҳои муҳити зист мустаҳкам менамояд. Дар он ҷое, ки танзими тиббии табобати парҳезӣнест, дар он ҷо табобати пурарзиш ва таъсирбахш нест.

Ташкили хўроки парҳезӣ- маҷмўи чорабиниҳои муҳимро дар бар гирифта яке аз усулҳои асосии табобат,дар амал ҷорӣнамудани табобати парҳезӣмебошад. Умуман, ҳамаи чорабиниҳои ташкили хўроки парҳезӣдар муассисаҳои муолиҷавӣва пешгиркунандаи беморӣаз ду нуқтаи назар дида баромада мешавад. Якум - ин ташкили чорабиниҳо ва дуюм ҳама он чӣки ба қайди маҳсулот ва маблағҳои ҷудошудаи он тааълуқ дорад. Қатиъян риоя намудани ин ду омил кафолати дар муассисаҳои тиббию санитарӣамалан ба пуррагӣташкил ва риоя намудани принсипҳои асосии хўроки парҳезиро медиҳад.

 

 

 

 



 

Ҷустуҷў

Шиори рўз



Designed by Bejan