Аввалан ба шумо салом арз мекунам.  Ман сокини шањри Душанбе, кўчаи Дењотї Авезов А.Н.  њастам. Мехоњам  ба як суоли барои ман хеле муњим посух гўед.

Сабаби асосии гирифторї ба бемории диабети ќанд дар чист?

Нишонањои асосии бемории диабети ќанд кадомњоянд?

Ба суоли  Шумо табиби эндокринолог посух мегўяд:

Сабаби асосии гирифторшавї ба бемории диабети ќанд вайроншавии мубодилаи моддањо дар љисми инсон аст. Ин дар њолест, ки организми инсон дигар инсулинро ќабул намекунад ва ё миќдори инсулини дар организм њосилшаванда талаботи љисмро ќонеъ карда наметавонад. Омилњои гуногуне њастанд, ки љисми инсонро ба ин њолат оварда метавонанд. Бемории диабети ќанд ду навъ мешавад, якум ва дуюм.  Яке аз сабабњои гирифторї ба ин  беморї ирсият аст. Навъи якуми беморї бештар пас аз гирифтор шудан ба беморињои сироятии вирусї (зуком, сурхакон, паратит) бештар пайдо мешавад, зеро ин вирусњо фаъолияти њуљайрањои њосилкунандаи инсулинро нобуд месозанд.

Гирифторї ба навъи дуюми бемории диабети ќанд низ метавонад ирсї бошад. Дар ин њолат баъзе аз њуљайрањо баробари ба дунё омадани тифл ќобилияти ќабул кардани инсулинро надоранд. Њамчунин вазни зиёди организм, хуб кор накардани ѓадуди зери меда, садамањо дар ѓадуди зери меъда, стресс ва синну сол низ метавонанд сабаи гирифторї ба ин беморї гарданд. Сабаби гирифторї ба нави якуми бемории диабети ќанд, ки аслан љавоно ба он гирифтор мешаванд, вайроншавии њуљайрањои инсулинњосилкунанда шуда метавонанд.

Яке аз нишонањои асосии гирифторшавї ба ин беморї тез –тез пешоб кардан ва нўшидани оби зиёд аст. Њангоми гирифторї ба навъи якум бештар вазнинї дар гурдањо ва беобшавии љисм њис карда мешавад. Дар баъзе њолатњо бењушшавї низ ба назар мерасад. Навъи дуюми ин беморї нисбатан зиёдтар аст. Ба ин навъ бештар шахсони гирифтори фарбењї ва одамони аз 40 сола боло гирифтор мешаванд.

Њангоми гирифторї ба њарду навъи беморї дар баробари тез-тез пешоб кардану зиёд нўшидани об њамчунин мондашавии зуд-зуд, хушк шудани пўсти бадан, камшавии вазн, хирашавии биної ба назар мерасад.

Дар њолати мушоњида кардани чунин нишонањо  ба худмуолиља машѓул нашуда, њатман ба табиби ѓадудњои дохилї мурољиат кунед.

Оё ангина бемории сироятї аст ва онро дар хона табобат кардан мумкин аст?

Мавзуна Алиева, сокини  шањри Душанбе

Ангина бемории шадиди сироятӣ - бодигармӣ аст, ки бо илтиҳоби бодомакҳои ком зоҳир мегардад. Барангезандаҳои ин беморӣ стрептококки гемолитикии гурӯҳи А, ҳамчунин стафилококк, пневмококк мебошанд. Ин бактерияҳо аз он ҷиҳат хавфноканд, ки ба организми инсон паҳн шуда, ба мағзи сар, мушакҳои дил ва пӯст зарар расонида метавонанд.

Беморӣ аввалан, бо воситаи ҳавоӣ-қатрагӣ ҳангоми муоширати наздик бо шахси бемор, истифодабарӣ аз лавозимотҳои умумӣ сироят мекунад. Дар ҳолати дуюм ҳангоми мавҷудияти манбаи илтиҳоби музмин дар ковокии даҳон ва гулӯ беморӣ паҳн мешавад. Дар фасли тирамоҳ бемории ангина зиёд мешавад. Ба пайдошавии ангина омилҳои гуногун ба монанди хасташавии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ, сармозании организм, камғизоӣ, норасоии витаминҳо (А, С, Е)  сабаб шуда шуда метавонанд.

Аломатҳои ангина – ин баландшавии ҳарорати бадан, дард ҳангоми фурӯбарӣ, беҳолӣ, бемадорӣ, дарди сар, варами бодомакҳои ком, дар бодомакҳо ҷой доштани фасод, сурхии забонча аст.

Табобати ангина:  Ангина одатан дар хона табобат карда мешавад. То он даме, ки дар бемор ҳарорати баланд ва дарди гулӯ мушоҳида мешавад, барои ӯ реҷаи болинӣ ҳатмӣ мебошад.  Вобаста ба намуди ангина ва ҳолати бемор табибон доруҳои сулфаниламидӣ ва антибиотикҳоро тавсия менамоянд. Беморон ҳангоми ба ангина гирифтор шудан, бояд антибиотикҳо, аспирин, истеъмол намоянд, ба онҳо нӯшидани нӯшокиҳои гарм ба монанди чой бо лимӯ, бо асал тавсия дода мешавад.

Доруҳои антибиотикро дар як рӯз се маротиба, то ҳафт-даҳ рӯз истеъмол бояд кард. Инчунин дар давоми як рӯз якчанд маротиба ғарғара намудани гулӯ бо маҳлули фуратсилин, намакоб, ё қиёми бобуна, эвкалипт  ва мармарак (шалфей)  зарур аст. Ҳангоми бемории ангина бо истифода аз маҳлулҳои гуногун ғарғара кардани гулӯ фоидаи зиёд дорад. Маҳлулҳо қисми болоии бодомакҳоро аз моеъҳои часпак ва фасод пок намуда, қиёми гиёҳҳои шифобахш, ё  каме хокаи сода ва намаки ошӣ ба организм таъсири зиддиилтиҳобӣ расонида, масунияти онро қавитар мегардонанд.

Ғизои бемор: Ҳангоми беморӣ албатта риояи парҳези ҷиддӣ  дуруст нест, аммо шахси бемор бояд аз хӯрдани хӯрокҳои сахт аз қабили нони хушккардашуда (сухарики), картошкабирён, ки гулӯро мехарошанд, хӯрокҳои тез, нӯшидани оби хунук, кока-кола ва пепси-кола, нӯшокиҳои спиртӣ, аз сигоркашӣ, носкашӣ, сақичхоӣ худдорӣ намояд. Ба ин гуна беморон маслиҳат медиҳем, ки хӯрокҳои обакӣ чун шӯрбо ва мастобаи гармро истеъмол намоянд.

Таъкид мекунем, ки ҳар як бемор ҳатман зарфи шахсии худро дошта бошад. Ғизои солим ва бой аз витаминҳо низ муфид аст. Нӯшидани об ва чой ба миқдори зиёд тавсия дода мешавад, зеро нӯшидани оби  зиёд барои зудтар тоза шудани организм аз токсинҳои гуногун мусоидат мекунад. Нӯшокиҳо бояд гарм бошанд, зеро чой ва оби ҷӯшон гулӯро месӯзонад.

Оқибатҳои худмуолиҷа: Одамон аз ҳама зиёд ҳангоми бемории ангина ба худмуолиҷа рӯ меоранд. Бояд қайд намоем, ки беморон бо маслиҳати дӯстон ва аҳли хонавода  ҳангоми беморӣ ба худмуолиҷа машғул шуда, доруҳои антибиотикӣ ба монанди  амписиллин, бисептол истеъмол менамоянд. Одатан ин гуна беморон аз ин доруҳо ду-се рӯз истеъмол карда, баъди сабуктар шудани дард ва фаромадани ҳарорат истифодаи доруҳоро қатъ мекунанд. Дар натиҷа ангезандаҳои беморӣ – стрептококк ва стафилококк ба ин доруҳо тобовар шуда, бемор мутобиқат ба доруҳоро пайдо мекунад ва дар ҳолати такрор шудани беморӣ дигар ин доруҳо ба беморон таъсир намекунанд. Ҳамин ҳолат ба пайдо шудани оризаҳо оварда мерасонад. Дар ҳолати беморӣ ҳатман бояд мутахассис бемориро муайян намуда, доруҳоро тавсия намояд. Шахси бемор ҳатман ба табиби оилавии минтақавии худ муроҷиат карда, табобати дуруст ва саривақтӣ гирад.

 

 

 

Ҷустуҷў

Шиори рўз



Designed by Bejan