Замимаи 1

бо фармоиши директори МТШ

аз 16 майи соли 2014,

№ 60 тасдиќ шудааст

Пайнавишти

љаласаи Комиссияи назорати муолиљавии татбиќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2 декабри соли 2008, №600 «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарї ба шањрвандони Љумњурии Тољикистон дар муассисањои системаи давлатии тандурустї» дар Маркази тиббии шањрї

Аз «___»___________ соли 2014, №______ ш. Душанбе

Иштирокдорон:

Рањмонов С.Б, директори Маркази тиббии шањрї -раиси Комиссия

Содиқов А.М., муовини Директор оид ба корњои шифої, муовини Раис-котиби Комиссия;

Абдусамадова З.М., муовини Директори Марказ оид ба ёрии тиббии таваллудї;

Раҳимов Ғ.Ҳ., муовини Директори Марказ оид ба корњои шифоии кўдакон;

Њамшираи калони тиббии шўъбаи _____________________________________

(Номи шўъба ва Ному насаби њамшираи калони тиббї)

ёвари котиби Комиссия;

Аъзои Комиссия:

Абдураҳмонов М., сармуњосиби Марказ;

Дадахонова Ф.Н., раиси Иттифоќи касабаи Марказ.

Мавзўи баррасишаванда

Озод намудани бемори имтиёздор аз пардохт ва њампардохти маблаѓњо барои ташхис ва табобат дар Маркази тиббии шањрї

Дар оѓози кори љаласа муовини Раис- котиби Комиссия баромад намуда, ќайд кард, ки дар воќеъ бемор________________________________________________________

соли таваллудаш__________________, истиќоматкунандаи___________________________ ____________________________________________, бо ташхиси________________________

_______________________________________санаи_____________дар шўъбаи___________ _______________________________________,  дар асоси таърихи бемории №_____, ки дар китоби  баќайдгирии беморони имтиёздори шўъбаи мазкур тањти №____ сабт гардидааст, бистарї шудааст.

Дар асоси нуктањои дар боло зикргардида, Комиссия ќарор мекунад:

Бемор__________________________ тибќи Номгўи ___ Ќоидаи пардохт ва

(Ному насаб)                                                                                                               (I ё II)

њампардохти хизматрасонињои тиббию санитарї ба шањрвандони Љумњурии Тољикистон дар муассисањои системаи давлатии тандурустї, ки бо фармоиши якљояи Вазорати тандурустии Љумњурии Тољикистон ва Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон бо дарназардошти ___________________________________________________________

(асос тибќи Номгўи гурўњњои шањрвандоне, ки мутобиќи маќоми иљтимої ё нишондињандањои тиббї (бо бемории асосї) барои гирифтани хизматрасонињои тиббии ройгон њуќуќ доранд, зикр карда шавад)

буданаш, дар асоси  пешнињоди    њуљљати __________________________________________ аз пардохт ва њампардохти маблаѓ барои ташхис ва табобат дар Маркази тиббии шањрї озод карда шавад.

 

Раиси Комиссия,

Директори Марказ                                                              С.Рањмонов

Муовини Директори Марказ оид

ба фаъолияти шифої, муовини раис-

котиби Комиссия                                                                  А. Содиқов

 

Ёвари котиби Комиссия,                                    ______________________

(Ному насаб)

 

 

 

 

 

 



Замимаи № 1

ба Қоидаи пардохт ва ҳампардохти хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ, ки бо фармоиши якҷояи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз

12 сентябри соли  2011,№ 504-58 тасдиқ карда шудааст.

Номгӯи I

Категорияи шаҳрвандоне, ки мутобиқи мақоми иҷтимоӣ барои гирифтани хизматрасониҳои тиббии ройгон ҳуқуқ доранд

- маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда (маъюбони ҶБВ, маъюбон аз ҳисоби иштирокчиёни ҶБВ, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо, маъюбони ҳимояи сохти конститутсионӣ);

- иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ;

- нафақахӯрони аҳамияти ҷумҳуриявӣ;

- иштирочиёни бартарафсозии  садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил;

- маъюбон (маъюбони осеби меҳнатӣ, бемориҳои касбӣ, бемориҳои умумӣ, маъюбони Артиши Шӯравӣ, маъюбони овони кӯдакӣ);

- кӯдакони  то 1 сола;

- кӯдакони маъюб;

- аъзои оилаҳои камбизоат ва шаҳрвандони яккаву танҳои камбизоат;

- шаҳрвандони бекор, ки расман дар мақомоти шуғли аҳолӣ ба қайд  гирифта шудаанд;

- пиронсолони аз 80 сола боло;

- ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда-шаҳрвандони давлатҳои аъзои ИДМ;

- маъюбон – гурезаҳо ва паноҳҷуяндагони хориҷӣ, ки ба таври расмӣ дар ҳудуди Тоҷикистон будубош менамоянд.

_________________________________________________________________________________________________________________________________

Номгӯи II

Категорияи шаҳрвандоне, ки мутобиқи нишондиҳандаҳои тиббӣ барои гирифтани хизматрасониҳои тиббии ройгон ҳуқуқ доранд

(бо бемории асосӣ)

-    беморони гирифтори сактаи шадиди дил (дар ду ҳафтаи аввал);

- беморони мубталои саратон дар стадияи терминалӣ;

- беморони мубталои гемофилия;

- беморони мубталои махав;

- беморони мубталоӣ бемории ҳорӣ;

- беморони мубталои гулӯзиндонак (дифтерия);

- беморони гирифтори бемории сил (дар доираи Барномаи ДОТС);

- беморони гирифтори бемории диабети қанди навъи аз инсулин вобаста буда;

- кӯдакони  то 5 сола, ки гирифтори бемориҳои дарунрав ва  шадиди роҳҳои нафас мебошанд (дар доираи Барномаи ҲББК).

Эзоҳ: дар сурати хуруҷи беморӣ ва эпидемияи бемориҳои сироятӣ дар минтақаҳо Фонди эпидемиологӣ таъсис дода шуда, чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ ва кӯмаки тиббию санитарӣ ба аҳолӣ аз ҳисоби ҳамин Фонд расонида мешавад.

_________________________________________________________________________________________________________________________________

 

Замимаи № 2

ба Қоидаи пардохт ва ҳампардохти хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба шаҳрвандониҶумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ, ки бо фармоиши якҷояиВазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  12 сентябри соли 2011, № 504-58 тасдиқ карда шудааст.

Номгӯи гурӯҳҳои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи мақоми иҷтимоӣ ба хизматрасонии тиббии ройгон ҳуқуқ доранд ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба имтиёзҳо

 

р/т

Гурӯҳҳои аҳолӣ

Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи

ҳуқуқ  ба  имтиёзҳо

1.

Маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда (маъюбони ҶБВ, маъюбон аз ҳисоби иштирокчиёни ҶБВ, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо, маъюбони ҳимояи сохти конститутсионӣ)

Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба имтиёзҳо, ки аз ҷониби мақоми ҳифи иҷтимоӣ дода шудааст.

2.

Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба имтиёз, ки аз ҷониби мақомоти ҳарбӣ дода шудааст.

3.

Нафақахӯрони аҳамияти ҷумҳуриявӣ

Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба имтиёзҳо, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ дода шудааст.

4.

Иштирокчиёни бартарафсозии садамаи нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, аз ҷумла;

- иштирокчиён

- маъюбон

Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба имтиёзҳо, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ дода шудааст.

5.

Маъюбон (маъюбони осеби меҳнатӣ, бемориҳои касбӣ, бемориҳои умумӣ, маъюбони Артиши Шӯравӣ, маъюбони овони кӯдакӣ)

Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба имтиёзҳо, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ дода шудааст.

6.

Кӯдакони  то 1 сола

Шаҳодатномаи таваллуд

7.

Кӯдакони маъюб

Маълумотномаи Комиссияи тиббию машваратӣ (ВКК)

8.

Аъзои оилаҳои камбизоат ва шаҳрвандони яккаву танҳои камбизоат;

Маълумотномаи комиссияи ноҳиявӣ (шаҳрӣ)

9.

Шаҳрвандони бекор, ки расман дар мақомоти шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шудаанд

Маълумотномаи мақомоти шуғли аҳолӣ

10.

Пиронсолони аз 80 сола боло

Шиносномаи шаҳрвандӣ

11.

Ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда-шаҳрвандони давлатҳои аъзои ИДМ;

Шаҳодатномаи имтиёзҳо, ки дар ҳудуди давлатҳои ИДМ эътироф шудааст

12.

Маъюбон - гурезаҳо ва паноҳҷуяндагони хориҷӣ, ки ба таври расмӣ дар ҳудуди Тоҷикистон будубош менамоянд.

Шаҳодатномаи гурезагӣ

 

 

Ҷустуҷў

Шиори рўз



Designed by Bejan