Маркази тиббии шаҳрӣ

Маркази тиббии шаҳрӣ муассисаи калонтарини сатҳи бистаринамоии шаҳри Душанбе буда, бар пояи Беморхонаи клиникии шаҳрии №2, ки соли 1968 таъсис ёфта буд, созмон дода шудааст. Бо созмон додани ин беморхона роҳбарияти шаҳри Душанбе бори нахуст ифтитоҳ намудани муассисаи фарогири тиббиро, ки дар ҳайати худ сохтори дармонгоҳӣ ва хадамоти бисёрсоҳавии беморхонавиро доро мебошад, роҳандозӣ намуда буд. Айни замон, Маркази тиббии шаҳрӣ ягона муассисаи бисёрсоҳавии тиббӣ пойтахт буда, на танҳо ба аҳолии шаҳри Душанбе, балки ба сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ёрии тиббии беморхонавиро мерасонад. Марказ аз 442 кати беморхонавӣ иборат буда, дар сохтори худ таваллудхона иборат аз 100 кат, шӯъбаи бемориҳои асаб иборат аз 27 кат, шӯъбаи септикию сироятии кӯдакони навзод ва норасид иборат аз 32 кат, шӯъбаи бодигармшиносӣ иборат 28 кат (23 кат барои калонсолон ва 5 кат барои кӯдакон), шӯъбаи бемориҳои сироятӣ иборат 60 кат, шӯъбаи бемориҳои ғадудҳои дохилии калонсолон иборат аз 41 кат, шӯъбаи бемориҳои ғадудҳои дохилии кӯдакон иборат аз 25 кат, шӯъбаи бемориҳои дил иборат аз 43 кат, шӯъбаи бемориҳои дарунӣ иборат аз 43 кат, шӯъбаи ҷарроҳии ғадудҳои дохилӣ иборат аз 28 кат ва шӯъбаи наҷот иборат аз 15 катро фаро мегирад. Инчунин дар сохтори Марказ озмошгоҳи клиникӣ-биокимиёвӣ, озмоишгоҳи бактериологӣ, шӯъбаи ташхиси фарогири ташхиси томографияи компютерӣ, даруннигарӣ, фаросавтӣ, доплерометрия, сабти барқии кори дил, шӯъбаи тавонбахшӣ, шӯъбаҳои қабули калонсолон, кӯдакона ва сироятӣ фаъолият мекунанд. Иқтидори аввалияи беморхонавии Марказ 825 катро ташкил медод. Дар солҳои минбаъда хадамоти беморхонавии Марказ ҳам дар самти фаъолият ва ҳам дар шумораи захираи катҳо тағйир ёфт. Аз соли 1997 иқтидори кати беморхонавӣ 397 воҳиди катиро (илова ба 15 кати наҷот) ташкил дода, аз 1 сентябри соли 2006 бар пояи ифтитоҳи шӯъбаи ҷарроҳии ғадудҳои дохилӣ захираи катҳои Марказ то 427 кат (бо иловаи 15 кати наҷот)  расонида шуд. Соли 1970 дар заминаи Беморхонаи клиникии шаҳрии №2 (ҳоло Маркази тиббии шаҳрӣ) шӯъбаи эндокринологӣ бо иқтидори 120 кат барои расонидани ёрии беморхонавӣ ба аҳолии калонсол ва кӯдакони гирифтори бемориҳои эндокринӣ аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ созмон дода шуд. Дар солҳои минбаъда иқтидори бистаришгоҳии шӯъбаҳои эндокринологии Марказ то 80 кат коҳиш ёфта, бо мақсади мукаммал намудани хадамоти эндокринологӣ дар пойгоҳи шӯъбаҳо табдилдиҳӣ ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷаи он кафедраи эндокринологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Маркази шаҳрии эндокринологӣ таъсис дода шуданд. Дар соли 2006 бо мақсади таҷдиди минбаъда ва мутобиқсозии хадамоти эндокринологӣ, пас аз таъмири куллӣ шӯъбаи ҷарроҳӣ бо бахши амалиёт барои расонидани ёрии махсусгардонидашудаи тиббӣ ба беморони гирифтори диабети қанд ташкил карда шуд. Ҳамин тариқ, сохтори эндокринологии фарогири хадамоти дармонгоҳӣ, кафедраи таълимии пойгоҳӣ ва хадамоти беморхонавии дорои бахши ҷарроҳӣ ташкил гардид, ки назири худро дар кишвар надорад. Ташкил намудани хадамоти мазкур истифодаи самараноки захираи катҳо, коҳиш додани оризаҳои шадид ва дерини диабети қанд ва бемориҳои ғадудҳои сипаршакл то 20-30%- ро пешбинӣ намуда, давомнокии умри беморони эндокриниро таъмин намуда, сатҳи беморшавӣ, маъюбият ва фавт аз чунин бемориҳоро коҳиш медиҳад. Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил наметавонад ба пуррагӣ дӯшбории бемориҳои дилро дар кишвар ба зимма дошта бошад. Вобаста ба ин, соли 1986 дар заминаи яке аз шӯъбаҳои Марказ шӯъбаи бемориҳои дил барои 80 кат бо бахши табобати оҷил таъсис дода шуд, ки иқтидори бистаришгоҳии он минбаъд коҳиш ёфта, феълан 43 катро ташкил медиҳад.

Хамасола дар марказ зиёда аз 20 000 шаҳрвандон бо табобати сатҳи бистарӣфаро гирифта шуда , мутахасисони марказ ва кафедраҳои пойгоҳӣ ба зиёда аз 50 000 ниёзмандон мащварати дармонгоҳии тахассусӣ дода мешавад. Дар шӯъбаи таваллуди марказ хамасола зиёда аз 5 000 валодат ба қайд гирифтамешавад.

Дар Марказ 2 маркази шаҳрии тахассусӣ ҷойгир буда, ҳамзамон Марказ  пойгоҳи тиббии 9 кафедраи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ДТБКСТҶТ маҳсуб меёбад.

Дар айни хол дар Марказ 547 корманд аз ҷумла 119 – табибон, 227 кормандони миёнаи тиб, 163 коркунони хурди тиб, 38 кормандони маъмурию хоҷагӣ кор мекунанд. Тибқи сохтори ҷадвали аёлот 584,0 воҳиди корӣ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла: табибон –112,0, кормандони миёнаи тиб – 250,5, кормандони хурди тиб – 163,5, кормандони маъмурию хоҷагӣ– 58.

 

 

Ҷустуҷў

Шиори рўз



Designed by Bejan